Болтон шарҳ дод, ки чаро Трамп кӯмаки низомӣ ба Украинаро ба таъхир андохт

Раиси ҷумҳури Амрико Доналд Трамп моҳи август гуфтааст, мехоҳад, то замоне, ки Украина дар таҳқиқи фаъолиятҳои рақибони сиёсиаш кӯмак накунад, ихтисоси кӯмаки низомӣ ба онро боздоранд. Дар ин бора рӯзи 26-уми январ нашрияи “Ню-Йорк Таймс” гузориш дод.

Нашрия як дастхати Ҷон Болтон, мушовири собиқи амниятии ҳукумати Доналд Трампро тасвир кардааст, ки барои арзёбии қабл аз нашр ба ҳукумати Кохи Сафед фиристодаанд. Дар Амрико агар мақоми собиқе китобе нашр карданӣ бошад, бояд барои арзёбӣ ва мутолиаи пешакӣ ба ҳукумат бидиҳад.

Чарлз Купер, вакили дифои Ҷон Болтон рӯзи 26-уми январ ба расонаҳои Амрико гуфтааст, ки ӯ дастхатро рӯзи 30-уми декабр ба Шӯрои Амнияти Миллии Амрико фиристодааст. Кохи Сафед ҳанӯз ин масъаларо шарҳ надодааст.

Гурӯҳи вакилони дифои Доналд Трамп рӯзи 25-уми январ дар муҳокимаи парвандаи эълони нобоварӣ дар Сенати Амрико гуфтаанд, ки ҳеҷ далеле вуҷуд надорад, ки Доналд Трамп аз Украина хостааст, фаъолиятҳои рақибони сиёсии ӯ, аз ҷумла Ҷо Байден, рақиби эҳтимолиаш дар интихоботи ояндаи раиси ҷумҳурро таҳқиқ кунад. Писари Ҷо Байден дар гузашта узви Шӯрои мудирони як ширкати энержии Украина будааст.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.