Бонкҳои Қирғизистон қарзи сокинони зарардида дар низои марзӣ бо Тоҷикистонро бахшиданд

Се бонк ва як ташкилоти қарзии хурди Қирғизистон қарзи сокинони вилояти Бодкандро, ки дар низои марзӣ бо Тоҷикистон зарар дида буданд, бахшиданд.

Ба иттилои маъмурияти вилояти Бодканд, ​бонки “Компанон” қарзи 17 сокини вилоятро бахшида, фоизи қарзи се шаҳрванди дигарро камтар кардааст. Ин бонк дар ҳаҷми 2 миллион сом ба сокинони зарардида кумаки башардӯстона расонида, барои хонаводае, ки бе сарпаноҳ мондааст, 25 ҳазор сом (ҳудуди 300 доллар) ҷудо кардааст.

Бонки “РСК” қарзи марзбони ҳалокшуда дар низои марзиро бахшида, фоизи қарзи 7 хонаводаи зарардидаро ба муҳлати 6 моҳ боз доштааст. Ҳамчунин он барои зарардидаҳо аз низои марзӣ бо Тоҷикистон 2,2 миллион сом ҷудо кардааст.

“Бай-Тушум” қарзи 9 сокинони Бодкандро бахшидааст.

Рӯзҳои 29-30 апрели соли равон дар марзи Қирғизистону Тоҷикистон низоъ сар зада, дар натиҷаи он аз ҳар ду ҷониб даҳҳо манзили зист ба коми оташ рафтанд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.