Бонки Ҷаҳонӣ барои бозсозии Норак боз $ 50 млн. дод

Бонки ҷаҳонӣ барои таҷдид ва азнавсозии Нерӯгоҳи барқи обии Норак 50 миллион доллар грант ва ё маблағи билоиваз дод. Ба иттилои дафтари Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон ин марҳилаи дуввуми Лоиҳаи барқарорсозии нерӯгоҳ дар Тоҷикистон аст.

Дар доираи ин лоиҳа, барқарорсозии се гидроагрегат, иваз ва барқарорсозии таҷҳизоти гидромеханикӣ ва бахшҳои калидии зерсохтории нерӯгоҳи барқӣ пешбинӣ шудааст. Инчунин дар назар аст, ки бо маблағи Бонки ҷаҳонӣ шаш автотрансформатор, ки барои баровардани нерӯи барқи истеҳсолшуда хизмат мекунанд иваз шавад.

Марҳилаи аввали лоиҳа бо 225 миллион доллар аз Бонки ҷаҳонӣ, 60 миллион доллар аз Бонки сармоягузории зерсохтории Осиё ва 40 миллион доллари Бонки рушди Авруосиё моҳи марти соли 2019 оғоз гардид.

НБО-и Норак бо иқтидори лоиҳавии беш аз 3000 мегаватт тақрибан 50 фоизи ҳаҷми умумии талаботи солонаи нерӯи барқро дар Тоҷикистон истеҳсол мекунад. Айни замон, бо истифода аз чор се ҳиссаи иқтидори лоиҳавии худ, аз замони ба истифода додани он дар соли 1972, НБО-и Норак бори нахуст мавриди барқарорсозӣ ва таъмири асосӣ қарор дода мешавад.

Пас аз анҷом ёфтани корҳо, барқарорсозӣ ба НБО-и Норак имкон медиҳад, ки истеҳсоли нерӯи барқ тақрибан ба 300 миллион кВт/соат афзоиш дода шавад.

 

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.