Бонки миллӣ 20 ва 50 -сомониҳои навро ба муомилот мебарорад

  • Манобеи молӣ: EUCTJ

Пулҳои нав бо арзиши 20 ва 50 сомонӣ рӯзҳои наздик ба гардиш мебароянд, вале намунаҳои онҳо ҳанӯз нашр нашудаву маълум нест, ки аксҳои Абуалӣ ибни Сино ва Бобоҷон Ғафуров ҳифз шудаанд ё не. 

  • Ба иттилоъи Бонки миллии Тоҷикистон ин тасмим “бо мақсади таъмин намудани талаботи муомилоти пули нақди ҷумҳурӣ бо пулҳои коғазӣ ва баланд бардоштани дараҷаи ҳимояи пули миллӣ” гирифта шудааст, вале ба иқрори худи муассиса  дар баробари пулҳои коғазии барориши солҳои қабл дар гардиш хоҳанд буд.
  • “Қобили қайд аст, ки пулҳои коғазӣ бо арзишҳои номиналии 20 ва 50 сомонии намунаи соли 2021 дар қатори пулҳои коғазӣ бо арзишҳои номиналии 20 ва 50 сомонӣ, намунаи солҳои 1999, 2010, 2017 ва 2018, ки дар муомилот мавҷуданд, баробар гардиш менамоянд”- омадааст дар иттилоъияи БМТ.
  • Ин нукта дар навбати худ ғайримустақим аз беқурбшавии пули миллӣ шаҳодат медиҳад, ки солҳо боз пушти шарҳу мафҳумҳои болохонадор пинҳон мемонад, вале мардум аз тақрибан ду маротиба болоравии нарху наво дар 5 соли ахир мегӯянд. Аммо БМТ ҳич гоҳе таварруми солонаи болотар аз 9 % иқрор накардааст.
  • Ба иттилоъи бонк пулҳои коғазӣ бо арзишҳои номиналии 20 ва 50 сомонии намунаи соли 2021 дорои дараҷаи ҳифозатии баланд буда, аз омехтаи нахи пахта (80%) ва маводи химиявии полимер (20%) омода шудаанд ва дорои унсурҳои ҳимоявӣ, аз қабили нишонаи обӣ, риштаи ҳимоявӣ, резанавишт, унсури чопию нақшкӯби зидди нусхабардорӣ, тасвирҳои бо ҳам пайвандшаванда, кинеграмма, нишона барои нобиноён ва ҳимояи магнитӣ мебошанд.
  • Ин ҳам дар ҳоле, ки БМТ аз нашри аксҳои пулҳои нав бо сабаби номаълум худдорӣ кардаасту маълум нест, ки аксҳои Буалӣ Сино ва Бобоҷон Ғафуров дар намунаи нав ҳифз шудаанд ё не.
  • Маврид ба зикр аст, ки сомонӣ ба ҳайси пули миллӣ аз соли 1995, дар соли панҷуми Истиқлол арзи вуҷуд кард, ки нишонаи камсаводии ҳукумати Эмомалӣ Раҳмонов дониста мешавад. Бинобар надоштани саводи казоӣ ва дарк накардани Истиқлол ҳукумати ӯ нахуст Тоҷикистонро ба партовгоҳи пули барҳамхурдаи СССР табдил доду сипас дар чорчуби сиёсати талош барои барқарорсозии СССР-и “Фронти халқӣ”  (нерӯи таъсисдодаи хадамоти махсуси Ӯзбакистон, ки дар таҳмили ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон ва сари қудрат овардани ӯ нақши аслиро иҷро кардааст) арзе бо номи “рубл” роҳандозӣ кард.
  • Он замон ва баъд низ пулҳои коғазии БМТ бо имзои раиси вақти бонк Муродалӣ Алимардонов нашр мешуданд, вале аз шуруъ соли 2017 онҳо бидуни шарҳу тавзеҳот иваз шуданд.
  • Бояд тазаккур дод, ки ҳарчанд расман раиси Бонки миллӣ гумноме мебошад, аммо раҳбарии воқеъии он домоди президент Ҷамолиддин Нуралиев мебошад, ки дар доираҳои соҳибкориву тиҷорӣ манфиатбардони ширкати пулчинаки IRS ва Спитаменбонк дониста мешавад. Ӯ рабт доштанашро ба IRS номуффақона радд мекунад, вале манфиатдори Спитаменбонк буданашро шарҳ надодааст.

 

The post Бонки миллӣ 20 ва 50 -сомониҳои навро ба муомилот мебарорад appeared first on MediaMarker.

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.