Бонки осиёи рушд фаъолияташро дар Тоҷикистон натиҷагирӣ кард

  • Манобеи молӣ: EUCTJ

 Бонки осиёии рушд, ки аз сармоягузорони аслӣ ба иқтисоди Тоҷикистон мебошад, фаъолиятҳояш дар соли гузаштаро натиҷагирӣ кард. 

  • Бинобар иттилоъи бонк, пардохтҳои нақшавӣ дар сооли 2019 беш аз 40 дарсад боло рафтаанду раванди татбиқи лоиҳаҳо қаноаткунанда мебошад.
  • “Дар соли 2019 дар маҷмӯъ раванди хуби татбиқи лоиҳаҳо  идома ёфтанд, танҳо бастани як шартнома аз лоиҳа ба таъхир афтод”,- таъкид кардааст Раза Фаррух,  ҳамоҳангсози барномаҳои бонк дар Тоҷикистон, ки  ҳамроҳ бо Шараф Шерализода, муовини аввали раиси Кумитаи сармоягузории кишвар ҳамраиси ҷаласаи корӣ бо намояндагони БОР дар Душанбе буд.
  • Дар ҷаласа таъкид шуд, ки бахшҳои энергетикиву нақлиёт бузургтарин гирандагони маблағгузориҳои бонк боқӣ монданд, ки мутаносибан 45,1% ва 29,5% – ро ташкил додаанд. Аммо гуфта нашуд, ки лоиҳаи иҷроношуда кадом аст.
  • Дар соли 2019  азхудкунии сармояи ҷудошудаи бонк ба Тоҷикистон 143 % ва тақсими қарордодҳо 98 %  -ро ташкил додаанд.
  • Маблағгузории БОР барои гузаронидани ислоҳоти иқтисодӣ ва рушди бахши хусусӣ дар соҳаҳои энергетика, нақлиёт, кишоварзӣ, маорифу тандурустӣ, обтаъминкунӣ, сайёҳӣ, гумрук, мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим, пешгирии офатҳои табиӣ равона шудааст.
  • Кӯмаки БОР ба Тоҷикистон соли аз соли 1998 барои барқарорсозии баъдиҷангӣ оғоз ёфта,  то имрӯз беш аз 1,8 млрд доллари ИМА ро ташкил додааст, ки  1,1 миллиардашро грантҳо ташкил доданд. Қарзи Тоҷикистон аз бонк айни ҳол 259,1 млн долларро ташкил медиҳад.
  • Тибқи барномаи барои солҳои 2020-2022 бонк ба иқтисоди Тоҷикистон ҳудуди 400 миллион доллари ИМА сармоягузорӣ карданист.
  • Маврид ба зикр аст, ки БОР дар соли 1966 таъсис шуда, 68 кишвар саҳҳомони он мебошанд, ки бузургтаринашон Ҷопун ва ИМА мебошанд.
  • Мунтақидони сиёсати иқтисодии кишвар бар онанд, ки қарзгирӣ  таҳдид ба мустақилияти Тоҷикистон мебошад. Аммо ҳукумат онро аз роҳҳои рушди иқтисоди миллӣ медонад.  Тибқи омор қарзи берунаи Тоҷикистон то имрӯз 2,8 млрд доллари ИМА, яъне 35,8 дарсади маҷмӯи маҳсулои дохилии кишварро ташкил медиҳад.
  • Қарздеҳи асосии Тоҷикистон “Эксимбонк”- и кишвари Чин мебошад, ки Тоҷикистон аз он 1,1 млрд доллар қарздор аст.

The post Бонки осиёи рушд фаъолияташро дар Тоҷикистон натиҷагирӣ кард appeared first on MediaMarker.

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.