Бонувони Ҷайҳун меҳнатқаринанд

Дар пайи ғамхориҳои пайвастаи Пешвои миллат ҳоло вазъи зиндагии занони деҳот хеле хуб шудааст. Онҳо ба соҳибкорӣ ва кишоварзӣ машғул гардида, аз ин ҳисоб рӯзгори худро обод мекунанд. Сафи соҳибкорзанон рӯз то рӯз зиёд мешавад ва ин ба рушду ободии бештари кишвари азизамон мусоидат мекунад. Имрӯз занони Тоҷикистон дар сафи пеши мубориза барои хушбахтии инсоният қарор доранд. Хусусан бонувони меҳнатқарини ноҳияи Ҷайҳун ва ин мисол далели он аст, ки занон бо корнамоиҳои худ дар дақиқаҳои душвор бо мардон паҳлу ба паҳлу истода метавонанд.

Муовини якуми раиси ноҳияи Ҷайҳун Диловаршо Собирзода бо ишора ба он, ки бонувони ноҳия на танҳо дар самти кишоварзӣ, балки дар соҳаҳои дигар низ шарафмандона меҳнат кардаву дастовардҳои зиёд доранд, мегӯяд: “Мақомоти иҷроияи маҳаллии  ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷайҳун баҳри таъмини иҷрои «Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2017-2022» як қатор корҳоро ба сомон расонидааст. Оид ба барномаи мазкур қарори раиси ноҳия аз 05.07.2017, №437 ва нақшаи чорабиниҳо тасдиқ гардида, рафти иҷрои он зери назорати доимӣ қарор дорад. Оид ба амалӣ намудани Барномаи мазкур аз буҷети маҳаллии ноҳия барои соли 2017-1500 сомонӣ, барои соли 2018-2000 сомонӣ, барои соли 2019-2500 сомонӣ, барои соли 2020-3000 сомонӣ, барои соли 2021-3500 сомонӣ, барои соли 2022-4000 сомонӣ, дар маҷмӯъ ба миқдори 16 ҳазор 500 сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки ин маблағҳо барои тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд, зан ва мақоми он дар ҷомеаи имрӯза, иштироки занон дар интихобот, ташкил ва гузаронидани семинарҳо ва ғайра равона карда мешавад. Дар робита ба ин айни ҳол бо назардошти масъалаҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, ҷиҳати тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи ноҳия аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд, пурзӯр гардонидани фаъолияти занони ноҳия дар пешбурди ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ нақшаи чорабиниҳо таҳия ва тасдиқ гардидааст”.

— Дар раванди сиёсати пешгирифтаи Роҳбари давлат вобаста ба баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа аз тамоми имкониятҳо самаранок истифода карда шуда, аз шумораи умумии 140 ҳазору 800 нафар аҳолӣ 70 ҳазору 119 нафараш занону духтаронанд, ки аз ин шумора 41,230 нафарашон занони қобили меҳнат мебошанд. Инчунин, дар вазифаҳои роҳбарикунанда 450 нафар, аз ин 334 нафар занон роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонии фермерӣ шуда, кору фаъолият карда истодаанд. Ҷиҳати дар корҳои сиёсӣ ва мақоми намояндагии ноҳия иштироки ҳатмии занон диққат дода шуда, вакили маҷлиси вакилони халқи ноҳия 10 нафар буда, 1 нафар вакили маҷлиси вакилони халқи вилоят ва вакилони маҷлиси ҷамоатҳои шаҳраку деҳот 33 нафар занон интихоб гардида, фаъолият карда истодаанд”.

Инсон тӯли зиндагии худ бояд шуғле дошта бошаду ақли худодод, дасту бозуи хешро истифода карда, рӯзгорашро пеш бубарад. Дар дунё касбу ҳунарҳо хеле зиёданд ва дар ҷараёни зиндагӣ вобаста ба тарбия, муҳити зист, шароити маҳал яке аз онҳоро интихоб менамоӣ. Табиист, ки аксар одамони андешаманду соҳибирода кӯшиш менамоянд аз пайи шуғле бошанд, ки тавассути он ризқу рӯзии шоиста ба даст оранд. Ба ин дар ҳама касбу кор муваффақ шудан мумкин аст, агар дасту дил пок ва ният нек бошад.

Чунин як нафари соҳибирода Маҳмадчоева Ойимпочо аст, ки мегӯяд: “Ман аз соли 2008 то инҷониб роҳбари хоҷагии деҳқонии “Ойимпочо”-и деҳаи Айнии ҷамоати деҳоти Панҷ мебошам.Тӯли чанд сол мешавад, ки бо 20 нафар бонувон кор карда истодаам. Ҳамин 20 нафар занон дар хонаҳои худ боз ҳар як нафарашон духтару келин доранд. Ҳамаи онҳоро бо ҷойи кори доимӣ таъмин кардаем. Илова бар ин, аз тарафи бахши шуғли аҳолӣ 3-моҳа курси дӯзандагиву кафшергарӣ ва компютерӣ ташкил карда шудааст. Дар ин курсҳои ба роҳ мондаамон 60 нафар дӯзандагӣ, 60 нафар кафшергарӣ, 120 нафар курси компютериро аз худ карданд. Ба ҳамаи онҳо шаҳодатнома дода шуд. Дар баробари роҳбари хоҷагии деҳқонӣ буданам, боз раиси ҷамоат ва депутати ҷамоат низ ҳастам. Айни замон дар замин лаблабуи сурх, гандум, пиёз дорам. Дар 50 сотих замин кишти лаблабу буда, 3 гектар замин пиёз аст ва 2,5 гектар заминро сабзӣ ташкил мекунад. Илова бар ин, имконияти кишти тарбузу харбуза ва сирпиёз низ ҳаст. Бонувони кишоварзи ман аз ҳама занони меҳнатдӯсти фаъол мебошанд. Ҳамчун роҳбари хоҷагии деҳқонӣ ба кори ҳамаи онҳо баҳои баланд медиҳам, зеро ҳамаи онҳо лоиқи таърифу тавсифанд. Қаблан бонувон хонашин буданду дар ягон ҷо таҳсил намекарданд, аз хона берун намебаромаданд. Вақте ки ман аз соли 2008 ба кор шуруъ намудам, бо ҳамаи ин занон кор кардам. Ҳамаи онҳо роҳи зиндагии худро пайдо карданд. Ҳозир пешравиҳояшон зиёд аст. Дар ҷамоати мо занони дӯзанда, бофанда, кишоварз кор карда истодаанд. Дар оянда худ чунин тасмим дорам, ки аз ҳисоби даромади заминҳо як сехи дӯзандагиро бо тамоми шароиташ ташкил кунам. Зеро занҳои мо хеле меҳнатдӯст ва хеле хуб кор мекунанд. Як зани кишоварзи худро ман хононда омӯзгор кардам. Ҳозир ин зани фаъол барои тартиб додани рӯйхатҳои камизоатҳо, маъюбон, бепарастон бисёр кумак мерасонад. Корбарӣ дар самти кишоварзӣ дар сатҳи баланд қарор дорад. Дар деҳаи мо камбудӣ — ин набудани сехи дӯзандагист, ки ман ин мушкилиро ҳал хоҳам кард. Занон бояд мустақил бошанд. Ҳаёт — ин мубориза аст. Барои пеш бурдани зиндагӣ бояд талош кард. Занон набояд руҳафтода шудаву дар хонаҳои худ шинанд. Қувваи корӣ доранд, бояд кор кунанд. Дар идораҳо, замин, сехҳои дӯзандагӣ барои ба кор қабул кардани занон имконият ҳаст. Занон, агар солим бошанд, ҳеҷ гоҳ набояд бекор шинанд. Занони ҷавон, ки барвақт хонавайрон мешаванд ё ин ки шавҳарашон вафот мекунад, набояд дар зиндагӣ руҳафтода шаванд. Ингуна занонро раисони маҳаллаву Кумитаи кор бо занон ва оила ҳамеша дастгирӣ менамоянд. Барои ҳамаи онҳо ҳамаи шароит муҳайё аст. Бигзор хонанд ва соҳибмаълумот шуда, саҳми худро дар ҷомеа гузоранд”.

— Хоҳиш дорам, ки моро дастгирӣ кунанду як семинари омӯзишӣ оид ба масоили кишоварзӣ, қонун, дӯзандагӣ гузаронида шавад. Вақте ки ман ба сари замин омадам, аз замини гирифтаам ҳосил гирифта намешуд. Инсон агар меҳнат кунад, ҳама кор мешавад. Аз ҳамин замин 11 телешка ғеши заминро бо кумаки занон баровардем. Бади ҷуфт, доруву пору кардем. Заминро боз ҷуфту ҳамвор кардем. Киштукор оғоз намудем. Агар инсон хоҳад, ки тарбузи ширин хӯрад, ин боз сирри худро дорад. Шабона тухми тарбузу харбузаро дар шакар тар карда, саҳар ба шинондан шуруъ кардан лозим аст. Доруи минералиро бояд кам имтифода барем. Вақте ки замин шӯра мезанад, мо бо дору нест намекунем, хокистари ғӯзапояро мепошем. Шӯра ки нест шуд, замин каме ковок мешавад ва ҳосили хуб медиҳад. Зардоби ҷурғотро низ имтифода мебарем, ки шӯраро нест мекунад,- афзуд ӯ.

Зимнан, мудири бахши кор бо занон ва оилаи МИҲД-и ноҳияи Ҷайҳун Охира Балхиёрова гуфт: “Шӯрои занони ноҳия, ки дар ҳайати 23 нафар фаъолзанони ботаҷрибаву кордони ноҳия таъсис ёфтааст, фаъолияти худро дар ҳама самтҳо пурзӯр карда истодааст. Саҳми занон дар соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи ноҳия назаррас буда, дар соҳаҳои маориф 811 нафар, нисбати ҳамин давраи соли гузашта 109 нафар зиёд, тандурустӣ 334 нафар, соҳибкорӣ ва савдо 331 нафар, молия ва андоз 5 нафар, почта ва алоқа 6 нафар, кишоварзӣ 5500 нафар занон кору фаъолият менамоянд. Дар вазифаҳои роҳбарикунанда бошад, муовинони раиси ҷамоат 1 нафар, котиби раиси ҷамоат 2 нафар, сарварони муассисаҳо 10 нафар, муовинони муассисаҳои таълимӣ 20 нафар, роҳбарони соҳаҳои тандурустӣ 33 нафар, мудирони китобхонаҳои соҳаи фарҳанг 19 нафар мебошанд”.

Ба иттилои сармутахассиси бахши кор бо занон ва оилаи МИҲД-и ноҳияи Ҷайҳун Мадина Мирзоева бошад, 1 нафар зан роҳбари ташкилоти  ҷамъиятии “Моҳи мунир” мебошад, ки дар маркази ноҳия бино аз ҳисоби ташкилоти мазкур сохта шуда, ҳамчун маркази ёрӣ ба занҳои деҳот фаъолият карда истодааст.

— Аз тарафи бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар санаи 15-уми феврали соли равон дар ҷамоати деҳоти Ваҳдати миллӣ бо иштироки 20 нафар занони фаъол дар мавзӯи «Зан — роҳбар», санаи 29-уми феврали соли равон дар ҷамоати деҳоти Қумсангир бо иштироки 25 нафар, санаи 9-уми марти соли ҷорӣ дар ҷамоати деҳоти Истиқлол бо иштироки 35 нафар ва санаи 18-уми марти соли равон дар ҷамоати деҳоти Панҷ бо иштироки 23 нафар занону духтарони фаъол вохӯриву суҳбатҳо гузаронида шуд,- афзуд ӯ.

Бояд зикр намуд, ки яке аз бонувони дигари фаъоли ноҳияи Ҷайҳун Дустова Зафиратмо — роҳбари хоҷагии деҳқониӣ аз ҷамоати деҳоти Истиқлол мебошад. Мавсуф дар суҳбат бо мо изҳор намуд, ки “ман аз соли 2013 як гектар замин гирифтам. Коргари беруна надорам. Қувваи корӣ дар кори замин аҳли хонаводаи худам мебошанд. Баъд аз вафоти шавҳарам бо ҳамаи фарзандонаму келинҳо зиндагиро пеш бурда истодаем. Аз аввали соҳиби замин шуданам шолӣ кишт карда, ҳосили хуб ба даст овардем. Гандум ва ҷуворӣ кишт кардем. Баъдан боз ба кишти юнучқа машғул шудем. Даравида мефурӯшем ва аз ҳисоби ҳамин даромад мешавад. Имсол юнучқа дар ҳар куҷои замин рӯйид. Баъд аз даравидан боз гандум кишт кардем. Барои ҳосили хуб ба даст овардан меҳнат кардан лозим, дору ва обро сари вақт додан даркор. Дар аввал аз об камтар танқисӣ кашидем. Айни замон шароит барои мо — кишоварзон  хуб шуда истодааст”.

Бино ба гуфтаи мудири бахши кор бо занон ва оилаи МИҲД-и ноҳияи Ҷайҳун Охира Балхиёрова, бахши мазкур кӯшиш ба харҷ медиҳад, то беҳтар намудани иҷрои фармону қарорҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси Олӣ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазифаҳои дар Паёми имсола ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошташударо таъмин намуда, баҳри рушди устувору босуботи иҷтимоию иқтисодии ноҳия ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум саҳми арзандаи хешро гузорад.

Нигора САИДБЕКОВА, МТЖТ

Сообщение Бонувони Ҷайҳун меҳнатқаринанд появились сначала на Фараж.

Манбаъ: Faraj.tj

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.