БОР: Тоҷикистонро имсол мушкили иқтисодӣ интизор аст

Эҳтимол дорад, ки бо таваҷҷӯҳ ба паёмадҳои буҳрони ҷиддии иқтисодӣ дар Русия, рушди иқтисоди Тоҷикистон дар соли 2022 коҳиш ёбад ва танҳо соли 2023 вазъ каме беҳтар шавад.  

Ин натиҷаи гузориши тозаи Бонки Осиёи Рушд аст, ки ҳамасола  нашр мешавад. Иқтисоддонҳои бонк пешбинӣ кардаанд, ки баъди якбора аз 4,5 то 9,2 дар сад боло рафтани рушди иқтисоди кишвар дар соли 2021, ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар соли ҷорӣ то 2 дар сад коҳиш меёбад. Интизор меравад, иқтисоди кишвар дар соли 2023 аз ҳисоби рушди саноат ва кӯмаки шарикони рушд боло равад.

Бино ба пешбинии Бонки Рушди Осиё ҳаҷми таваррум ва ё инфлятсия, ки соли 2021 ба 8 дар сад баробар буд, соли 2022 ба 15 дар сад мерасад. Болоравии нархи маводи сухт, маводи ғизоии воридотӣ ва фишор болои сомонӣ ба далели коҳиши якбораи қурби рубли русӣ аз омилҳои он дониста шудааст. Дар гузориш ҳамчунин эҳтимоли болоравии маоши давлатӣ, нафақа ва нархи нерӯи барқ низ дар назар гирифта шудааст. Аммо тибқи пешбинии гузориши нави Бонки Осиёии Рушд соли 2023 сатҳи таваррум дар кишвар ба далели поин рафтани нархи маводи ғизоӣ дар ҷаҳон то 10 дар сад  коҳиш меёбад.

Дар гузориш пешниҳод шудааст, ки бо роҳи кам кардани вобастагӣ аз қарзи беруна тавассути рушди сармоягузорӣ ба бозорҳои дохилӣ ва ҳисоботи пайвастаи Вазорати молия оид ба қарзҳои дохилӣ, аз ҷумла гузориши санҷидашудаи солонаи 15 корхонаи калонтарини давлатӣ ва беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ ба рушди бахши хусусӣ мусоидат карда шавад. 

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.