Боррелл: Иттиҳоди Аврупо Лукашенкоро президенти қонунии Беларус эътироф намекунад

Раҳбари сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо гуфт, ки Александр Лукашенкоро президенти қонунии Беларус эътироф намекунад. Жозеп Боррелл, намояндаи аршади ИА дар умури хориҷӣ зимни як суханрониаш дар парлумони Аврупо рӯзи 15-уми сентябр гуфт, “мо Лукашенкоро президенти қонунии Беларус эътироф намекунем. Ман аз пуштибонии ин парлумон нисбати ҳуқуқи мардуми Беларус… сипосгузорам”.  Жозеп Боррел гуфт, ки  интихобот тақаллуб шудааст:

“Саркӯбҳои бераҳмона идома доранд. Беш аз 7500 эътирозгари сулҳомез боздошт шудааст. Панҷсад қазияи шиканҷа сабту қайд шудааст. Тамоми аъзои президиуми  Шӯрои ҳамоҳангсоз, ба истиснои барандаи ҷоизаи Нобел хонум Алексиевич ҳабс шуданд ваё маҷбур ба хориҷа рафтанд”.

Баъди интихоботи президентии 9-уми август Лукашенко бо мавҷи бесобиқаву азими эътирозҳои мардумӣ рӯбарӯ шудааст ва ин саркӯбҳоро ҷомеаи ҷаҳонӣ ба шиддат маҳкум кардааст. Жозеп Боррелл инчунин гуфт, ки Иттиҳоди Аврупо дар посух ба ин амалкарди мақомоти Беларус дар фикри ҷорӣ кардани таҳримҳо мебошад.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.