Бовар ба 260 ҳазор имзо. Нодида ва носанҷида?

Абдуқаюми Қаюмзод, рӯзноманигори мустақил

Бознашр аз блоги муаллиф

Ҳизби коммунисти Тоҷикистон бо имзои беш аз 260 ҳазор интихобкунанда иҷоза пайдо кард, ки номзади худро вориди користони интихобот кунад. Ҳамакнун номи Мироҷ Абдуллоев, раис ва номзади ин ҳизб барои мақоми раёсати ҷумҳурӣ, дар қатори номзадҳо аз аҳзоби ислоҳоти иқтисодӣ, кишоварзӣ, сотсиалистӣ ва ҳизби халқии демократӣ дар баргаи раъйдиҳӣ ба унвони довталаб навишта мешавад.

Ин ҳизб, ки кӯҳантарин созмони сиёсии Тоҷикистон мебошад, давоми солҳои ахир камфаъолият буд ва Анҷумани қабл аз интихоботиашро ҳам аз ҳама ахир – рӯзи 5-уми сентябр ва бо шумораи камтари вакилон – 55 нафар доир кард. Аз ин ҷост, ки дар як фурсати ниҳоят тангу маҳдуд, ҳамагӣ чаҳор рӯз, гирдоварии имзои беш аз 260 ҳазор интихобкунанда аз сӯи ин ҳизб як навъ гумонҳоеро метавонад ба бор оварад.

Бо ин назар наметавон мутмаин буд, ки аҳзоби дигар ба ғайри халқии демократӣ имзои тарафдорони худро бидуни мусоидат ва ёрӣ ба даст оварда бошанд. Агар интихоботи ахири парлумонии моҳи марти соли ҷориро ҳам маҳак қарор бидиҳем, танҳо Ҳизби кишоварзии Тоҷикистон буд, ки бо касби раъйи бештари интихобкунанда комёб шуд, ки дар парлумон ҷиноҳи худро таъсис бидиҳад. Аммо ҳоло рӯи суханамон ба интихоботи раёсати ҷумҳурӣ ва дар як фурсати танг гирдоварии имзоҳо аз тарафи ҲКТ аст.

ҲКТ Анҷумани худро рӯзи 5-уми сентябр доир кард. Табъан, ки асноди онро дар ихтиёри Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон бигзошт, то баъди мутолаа ва исботи баргузории Анҷуман барояшон варақаҳои ҷамъоварии имзоҳоро бидиҳад. Барои ин кор ҳатман рӯзи 5 ва шоядам то нимарӯзи 6-уми сентябр сипарӣ мешавад. Баробари дарёфти варақаҳо барои ҷамъоварии имзо бо суръат ва шитоб мераванд ба ҳукуматҳои шаҳру навоҳии кишвар, то имзову мӯҳри онҳоро дар ин варақҳо бигиранд.

Барои ин кор гурӯҳи ташаббускор ва масъулони ҳизб сафарбар мешаванд, ки вақт металабад. Дар идораи ҳукумати ноҳияву шаҳр навбат меистанд ва дар инҷо ҳам вақт якҷо намеистад, мегузарад. Як рӯз набошад ҳам, ним рӯз барои ин кор сипарӣ мешавад. Ҳамин тавр, омад рӯзи 7-уми сентябр.

Гурӯҳи ташаббускор ва шояд бо мадади ихтиёриён аз шумори ҳаводорони ҲКТ дар саросари кишвар мустақим назди мардум, ба манзили зист, кӯчаҳо, бозорҳо, корхонаҳо, мактабҳои ҳамагонӣ, коллеҷҳо ва донишгоҳҳо мераванд, ки имзоҳоро бигиранд. Барои ин кор сахт шитоб кунанд ҳам, на танҳо фурсат, ҳамчунин пулу мошин ҳам лозим меояд. Дар шаҳрҳои пурҷамъияти Душанбе, Хуҷанд, Кӯлоб ва Бохтар ҳам бояд, ки мошин савор шавӣ ва аз маҳалле ба маҳалле биравӣ. Вале рустоҳо, ки аксарияти интихобкунанда дар онҷо зиндагӣ мекунанд, боз махсусиятҳои худро дорад, ки вақту фурсати зиёд металабад.

Вақте аз маркази ноҳияҳои Рӯшон, Ишкошим, Мурғоб ва ё Исфараву Мастчоҳи Кӯҳӣ ва Айниву Панҷакент ва ё Муъминободу Ховалинг ё Лахшу Рашт то деҳаҳои онҳо меравӣ, боястӣ хеле роҳҳо тай ва мошин киро карда шавад. Чунки варақаҳои ҷамъоварии имзоҳоро бояд раисони мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳаллӣ имзо ва мӯҳр монанд ва сипас иҷоза аст, ки имзо ҷамъоварӣ кунед.

Баъдан аз деҳаҳо то ба марказ оварда, дар якҷо ҷамъ карда ва аз онҷо ба қароргоҳи ҲКТ овардан низ вақти зиёдеро мегирад, ки як рӯз кифоят намекунад. Ин ҳама фурсат мехоҳад ва маблағ. Барои ташкили гурӯҳҳои ташаббускор ва ё ихтиёриёне, ки ҳозиранд барои ҲКТ кумак кунанд, низ вақти кам талаф намешавад.

Дар ҳоле ки шароити зиндагӣ тавре шудааст, ки ҳамсоя ба ҳамсоя бепул кор намекунад. Ҳоло мафҳуми ҳашар аз байн рафтааст ва дар қонунгузории интихобот ҳам ин тарзи ҷамъоварии имзоҳо роиҷ нест. Манзур ин аст, ки ҳатто ҳамин Гурӯҳҳои ташаббускор, ки агар ташкил шуда бошанд, баъид аст, ки бе музд ва ройгон деҳ ба деҳ бигарданд. Масалан, аз Панҷакент то Ғазаву Ворӯ ва ё аз Махшеват то дашти Сабақи Мастчоҳ ва ё аз Исфара то Чоркӯҳ хеле роҳ аст ва аз эҳтимол дур аст, дар як рӯз ҳам равиву ҳам имзо ҷамъовариву ҳам боз баргардӣ ва биёӣ ба қароргоҳи ҳизб, ки табъан дар маркази ноҳия аст, албатта, агар чунин қароргоҳро ҲКТ дошта бошад.

Нуктаи дигар ин аст ки ҳамаи ин варқаҳоро дубора ба назди раиси шаҳру ноҳия бояд бурд, ки аз назар бигузаронад (Ба гуфтаи Сайидҷаъфар Усмонзода, раиси ҲДТ, ин навигарӣ дар ҳамин интихобот ҷорӣ шудааст: “Бар асоси қоидае, ки имсол ҷорӣ шуд, раисони шаҳру ноҳияҳо бояд варақаҳои имзошудаи номзадҳоро тафтиш ва тасдиқ кунанд ва баъдан онро Комиссияи марказии интихобот ва райъпурсӣ қабул мекунад”). Акнун баъди ин ҳама бояд аз навоҳӣ биёварӣ ба Душанбе ва сипас барои мутолиба ва бозрасии саҳеҳиву дурустии имзоҳо таслими КМИР кунӣ.

Тамоми ин марҳала ва корҳоро ҲКТ аз рӯзи 6-уми сентябр то 9-уми сентябр ва шояд то нимарӯзи 10-уми сентябр иҷро кардааст. 

Сайидҷаъфар Усмонзода, ки мегӯяд 285 ҳазор бештар имзо ҷамъ овардааст, хиҷил аст, ки аз ҳама дер, рӯзи 9-уми сентябр аснодашро ба КМИРТ додааст, то имзоҳояшро бисанҷад. Аз ин бармеояд, ки ҲКТ аз ҲДТ пештар асноди имзоҳо – варақаҳоро таслими Комиссияи марказии интихобот кардааст. Фарз кардем, рӯзи 8-уми сентябр ва ё субҳи рӯзи 9-уми сентябр. Акнун суол ин аст, ки беш аз 260 ҳазор имзоро ҲКТ дар чанд рӯз ҷамъоварӣ кард?Ду рӯз? Яъне 7 ва 8-уми сентябр? Ва ё се рӯз? 6, 7 ва 8-уми сентябр?

Яъне ҳар рӯз ҳудуди 90 ҳазор имзоӣ? Албатта, ин суръату ин чустиву чолокиро аҳзоби дигар ҳам зоҳир кардаанд. Масалан Ҳизби демократи Тоҷикистон 285 ҳазор, сотсиалист 295 ҳазор, ислоҳоти иқтисодӣ ва кишоварзӣ ҳам на камтар аз 270-ҳазорӣ имзо ҷамъ овардаанд. Аммо инҳо чанд рӯзӣ фурсати бештар доштанд. Гап дар инҷост, ки ҲКТ рӯзи 5уми сентябр Анҷуман доир кард ва аллакай рӯзи 11-уми сентябр Комиссияи марказии интихобот эълом кард, ки номзади ин ҳизб сабти ном шуд.

Ин ҳам аҷиб аст, ки ҳамагӣ дар чанд соати рӯз дурустии ин имзоҳо аз ҷониби КМИРТ санҷида шудааст. Бармеояд, ки КМИРТ ҳам бо аҷала ва бо шитоб ва шояд ҳам шабона кор кардааст, ки давоми як рӯз беш аз 260 ҳазор имзои ҲКТ-ро тафтишу таҳқиқ кардаву камбуд наёфтааст. КМИР хеле сахт кор карда истодааст. Қироати ҳатто сарсарии 260 ҳазор имзо ҳам хеле замон мебарад. Баъид аст ки як рӯз кофӣ бошад. Боз ҷаласа баргузор ва овоздиҳӣ кардаву қарор қабул ва Протокол пур мекунанд. Ҳамаи ин дар як рӯзи 10-уми сентябр иттифоқ афтодааст.

Маълум нест аз соҳибони имзо чанд нафарашонро сӯҳбат карда, дурустии имзои ӯро пурсида бошанд.

Ҳамаи ин талошҳо ба манзури чӣ аст? Чиро бояд нишон доду исбот кард? Баргузории интихоботи борақобат ва ғалабаи шаффофи номзади сазоворро? Фикр намекунед, ки фаъолияти босуръати лазерӣ ҳам боис ба шакку шубҳа мешавад?

Аз хелеҳо пурсидам, гуфтанд, касе барои гирифтани имзоҳо наёмадааст. Бубинед, ки ҳар имзо дона-дона, на яклухт ҷамъ оварда мешавад. Оё дар чунин ҳолат имкон вуҷуд дорад, ки дар ду рӯз 260 ҳазор бештар имзо ҷамъ овард?

Тамоми талошамро кардам, бовар кунам,ки аҳзоб мустақилона, бе мусоидат ва росту дуруст имзо ҷамъ кардаанд ва Шумо ҳам тамоми талошатонро ба харҷ диҳед ва худро водор созед, ки бале, аҳзоб ва аз ҷумла ҲКТ ин ҳама имзоҳоро ҷамъ карданд, бинед, ки мешавад ё не? Агар бовар кардед, бовар кунед, ки дар Мурғоб пахтаи маҳиннах мерӯяду захоири бузурги яху барфи Айваҷ камтар аз захоири Аляска нест.

Агар ба мавзуъамон наздиктар оварем, Лукашенко ва ё як нафаре дигари амсоли ӯ дарозумри сиёсӣ истеъфояшро бо майлу хоҳиши худ эълон карда бошад. Ва гӯяд,ки мардуми азизам, бубахшед, ман ғалат кардам, ки ба интихобот омадам ва ё ба интихобот рафтаниам.

Чӣ олӣ мешуд, агар КМИРТ дар посух ба чунин шубҳаҳо, ҳамаи маълумотро нашр кунад, ки кадом ҳизб дар кадом ноҳия чӣ қадар имзо ҷамъ овард. Бовар доред, ки ин корро мекунанд? На. Зеро ҳаросе мавҷуд аст, ки мумкин имзоҳои ду ё се ҳизб аз як ноҳия ба маротиб бештар аз шумори аҳолии онҳо бошанд. Ё чӣ шаффофу ҳақиқӣ мебуд, агар КМИРТ номи ҳар шаҳрванд ва имзои онро, ки ба тарафдорӣ аз ин ё он номзад рӯйи коғаз гузоштааст, дар интернет нашр мекард! На. Яке садҳо нафаре пайдо мешавад, ки аслан ҳеч куҷо имзое нагузоштааст.

Ё Додситонии кул ҳамаи имзоҳоро тафтиш кунад, ки дуруст будаанд, ё не? На, ин ягон ҷазои ҷиноӣ ё маъмурӣ надорад. Ба интихобкунанда гуфта мешавад, ки нодида ва носанҷида бовар кун, тамом.

Вақте ба навишта нуқта мегузоштам дар шабакаи иҷтимоӣ ин шарҳро дидам ва, ба назарам, ҷой дорад, ки инҷо иқтибос шавад:

“Дар мачмуъ, 1,5 миллион имзо. Аз куҷо ин қадар имзо? Ба интихобот оё 1,5 миллион нафар меравад, ё не? Бигзор, 3 миллион одам дар интихобот овоз медиҳад ё не? 2 миллион муҳоҷир дорем, пас, маълум мешавад дар Тоҷикистон ҳҳар як нафари сеюм имзо кардааст. Шумо дар кӯча пурсед, аз се не, аз сӣ нафар якеяш имзо мондагӣ нест. Чаро ба муҳоҷирон иҷозаи имзо нест ? Овоз медиҳанду имзо не?” 

Аз Идора. Матолибе, ки дар ин гӯша ба нашр мерасанд, назари муаллифон буда, баёнгари мавқеи Радиои Озодӣ шумурда намешаванд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.