Боварӣ ба ин ё он расона ченшаванда мебошад

Кунгураи урупоии рӯзноманигорон ва блогнависони тоҷик бар он аст, ки эътимоди хонанда ё корбар ба расонаҳо ва журнализм аз муҳимтарин арзишҳои соҳа буда, ченшаванда аст.

Дар чорчуби тарҳи Медимаркер мо “Методика (равиш)-и  таъйини радабандии эътимоди ҷомеа ба ВАО” таҳия кардем.

Тибқи равиши мазкур ВАО Тоҷикистон ва ҳамчунин дигар расонаҳо, ки дар ҳудуди Тоҷикистон бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ ба пахши ахбор машғуланд, тибқи миқёси имтиёз (ҷадвали 100 имтиёзӣ) аз рӯи панҷ меъёри арзёбии зерин баҳогузорӣ мешаванд:

  1. Шаффофияти манбаъҳои молии фаъолияти расона. Аз 0 то 20 имтиёз мегирад.

Дар зимн 0 маънии дастрас набудани ҳисоботи молии ВАО ба ҷомеа дар давраи ҷорӣ ва радди интишори сарчашмаҳои молӣ доир ба мавзӯъҳои ҳассосро дорад;

      2.   Мавҷудияти сонсур ва худсонсур дар расона. Аз 0 то 20 имтиёз мегирад.

Дар зимн 0 ба он маънист, ки дар ВАО  таҷрибаи сонсур ва худсонсурӣ даҳгонаи мавзӯъҳои мамнӯъ комилан ҷорӣ аст.  Даҳгонаи мавзӯъҳои мамнӯъ ва ҳассос аз ҷониби гуруҳи коршиносони мустақил муайян гардида, ҳар семоҳа нашр мешавад;

  1. Мавҷудияти таблиғи пӯшида дар расона. Аз 0 то 20 имтиёз мегирад.

Дар зимн 0 онро мефаҳмонад, ки идораи ВАО дар давраи мавриди таҳқиқ умуман маводи “Таблиғ”,”PR”,”Маводи шарикӣ” ва ғайраро аломатгузорӣ накардааст;

    4. Сиёсати ислоҳ, таҳрир ва азнавкунӣ дар расона. Аз 0 то 20 имтиёз мегирад.

Дар зимн 0 ба он маънист,ки идораи ВАО хонандаро аз тағйир додани (ислоҳу таҳрири) мавод огоҳ намекунад, натиҷаи ростииозмоӣ, ростиозмойии мардумӣ ва ҳар гуна ифшогариро нодида мегирад ва аз хатои худ узрхоҳӣ намекунад. Масалан, дар давраи таҳқиқ 5 тағйиру ислоҳ, ростиозмоӣ ва фошсозӣ вуҷуд дошт, вале идора дар мавриди яке аз онҳо хомӯшӣ ихтиёр кард. Ин ба он маънист, ки ба ин расона аз 20  имтиёзи мавҷуда 16 имтиёз дода мешавад. Агар дар идораи ВАО ба қарор омадаанд, ки дар хусуси ҳар 5 ислоҳу таҳриру фошкорӣ хомӯш монанд, имтиёз дода намешавад.

    5. Риояи баробарии ҷинсиятӣ дар расона. Аз 0 то 20 имтиёз мегирад.

Дар зимн 0 онро мефаҳмонад, ки ВАО ба мушкили баробарии ҷинсиятӣ таваҷҷӯҳ намекунад ва ҳатто ба бадгуфтории ҷинсиятӣ роҳ медиҳад.

Бо таваҷҷӯҳ ба натоиҷи тадқиқот ба ҳар расона тибқи ҷадвали радабандӣ дараҷаҳои “комилан муътамад”, “муътамад”, “андаке муътамад”,  “номуътамад”, “комилан номуътамад” дода мешавад.

Маълумоти бештарро дар бораи равиш ва радабандӣ бо ҳамин тор пайдо кунед.  #Озодӣ_ободист!

 

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.