«Бояд донист». Бе никоҳи қонунӣ – беҳуқуқ будан аст

Як пажӯҳиши мардумшиносӣ, ки дар Тоҷикистон анҷом шуд, нишон додааст, ки таҷрубаи издивоҷи сабтиномнашуда яке аз авомили аслии сабти ном нашудани таваллуд аст. Хусусан, агар падари кӯдак дар муҳоҷирати меҳнатӣ бошад, ин мушкил мегардад.  Мо атрофи ин мавзӯъ дар подкасти қаблӣ суҳбат карда будем.

Ҳамчунин, издивоҷҳои сабтнашуда занон ва кӯдаконро дар ҳолати ногувор қарор медиҳанд. Вақте ақд расман дар идораи САҲШ ба қайд гирифта нашуда бошад ва ҳангоми бурида шудани никоҳи динӣ занону кӯдакон дар ҳолати ногувортар мемонанд.

Атрофи ин ва дигар масъалаҳо мо бо мудири бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳри  Ҳисор Музафари Нодира Музафар суҳбат кардем.

Подкаст ба ислоҳоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ бахшида шудааст. Сари вақт гирифтани ҳуҷҷатҳо барои худ ва фарзандон то чӣ андоза мухим аст. Мо ин ва дигар масъалаҳоро дар подкастҳои худ баррасӣ хоҳем кард.

Силсила подкастҳо дар доираи лоиҳаи Барномаи Рушди СММ “Ислоҳоти низоми сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо дастгирии Вазорати адлияи кишвар ва иштироки Маркази ҳуқуқи инсон омода шудааст.

Дар нашрҳои оянда мо бо мутахассисони САҲШ дар мавзӯи чӣ гуна иваз кардани насаб, сабти ақди никоҳ, ба фарзандхонӣ қабул намудан ва ва ғайраҳо сӯҳбат хоҳем кард.

Инчунин, шумо метавонед, ҳама маълумоти муфид дар бораи хизматрасониҳои САҲШ ва ҳуҷҷатгузориҳоро аз сомонаи Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Тоҷикистон – http://rahsh-adliya.tj/ дастрас намоед.

Лоиҳаи ислоҳоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ бо дастгирии молиявии Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад.

Сообщение «Бояд донист». Бе никоҳи қонунӣ – беҳуқуқ будан аст появились сначала на YOUR.

Манбаъ: Your.tj

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.