«Бояд донист». Чаро сари вақт гирифтани шаҳодатномаи таваллуди кӯдак муҳим аст?

Барои гирифтани шаҳодатномаи таваллуд ба кӯдаки семоҳа, яксола ва дар муҳити хона ба дунё омада, чӣ гуна ҳуҷҷатҳо лозиманд. Оё метавон насаби кӯдакро бо пасванди русӣ гирифт?

Мо бо Ифтихор Самадзода, Муовини сардори Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии Тоҷикистон оиди масъалаҳои марбут ба дарёфти шаҳодатномаи кӯдак дар нашри дуюми силсилаи нави подкасти “Бояд донист” сӯҳбат кардем.

Меҳмони мо инчунин ба таври муфассал масъалаи чӣ гуна ба тифли навзод гирифтани шаҳодатномаи таваллуд ба номи падаре, ки бо модараш издивоҷи расмӣ надорад ва ҳоло дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор дорад, шарҳ медиҳад. Ба чунин ҳолатҳо бештар сокинони деҳот рӯ ба рӯ мешаванд ва ин сабаб мегардад, ки на ҳама кӯдаконро сари вақт ба қайд мегиранд.

Ӯ инчунин шарҳ медиҳад, ки волидон аз сабаби дер сабти ном кардани кӯдак ба чӣ мушкилиҳо гирифтор мешаванд.

Подкаст ба ислоҳоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ бахшида шудааст. Сари вақт гирифтани ҳуҷҷатҳо барои худ ва фарзандон то чӣ андоза мухим аст. Мо ин ва дигар масъалаҳоро дар подкастҳои худ баррасӣ хоҳем кард.

Силсила подкастҳо дар доираи лоиҳаи Барномаи Рушди СММ “Ислоҳоти низоми сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо дастгирии Вазорати адлияи кишвар ва иштироки Маркази ҳуқуқи инсон омода карда шудааст.

Дар нашрҳои оянда мо бо мутахассисони САҲШ дар мавзӯи чӣ гуна иваз кардани насаб, сабти ақди никоҳ, ба фарзандхонӣ қабул намудан ва ва ғайраҳо сӯҳбат хоҳем кард.

Инчунин, шумо метавонед, ҳама маълумоти муфид дар бораи хизматрасониҳои САҲШ ва ҳуҷҷатгузориҳоро аз сомонаи Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Тоҷикистон – http://rahsh-adliya.tj/ дастрас намоед.

Лоиҳаи ислоҳоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ бо дастгирии молиявии Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад.

Сообщение «Бояд донист». Чаро сари вақт гирифтани шаҳодатномаи таваллуди кӯдак муҳим аст? появились сначала на YOUR.

Манбаъ: Your.tj

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.