Боздиди ҳайатҳои Қирғизистону Узбекистон аз минтақаҳои баҳсӣ

Гуруҳҳои кории Қирғизистону Узбекистон оид ба таъйин ва аломатгузории хати марзҳо мулоқоти навбатии худро анҷом доданд.

Ба огаҳии ҳукумати Қирғизистон, ҳайатҳо дар ҷараёни вохӯриҳои сайёри худ дар ноҳияҳои Алабукин ва Оқсии вилояти Ҷалолободи Қирғизистон аз як қатор минтақаҳои баҳсӣ ва ҷойҳое боздид карданд, ки ба созишнома дар бораи марзи ду кишвар аз 5 сентябри соли 2017 шомил мешаванд.

Ба иттилои манбаъ, “ҷонибҳо дар поёни мулоқот роҷеъ ба масоили муайян ҳамфикрии худро баён доштаанд”.

Қирғизистону Узбекистон моҳи августи соли равон гуфтугӯҳои марзии худро оғоз ва ду санад ҳам имзо намуданд. Пештар ин гуфтугӯҳо ба иллати коронавирус ба таъхир афтода буданд.

Дарозии марзи муштараки ду кишвар 1378 километрро ташкил дода, аз он танҳо 1170 аломатгузорӣ шудааст.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.