Боздошти ҳудуди 70 эътирозгар дар Русия

Дар шаҳрҳои мухталифи Русия рӯзи 1-уми август ҳудуди 70 нафар эътирозгарро боздошт карданд.

Онҳо бо пуштибонӣ аз сокинони вилояти Хабаровск, ки наздики як моҳ боз барои раҳоии Сергей Фургал, губернатори ин вилоят эътироз мекунанд, ба кӯчаҳо баромада буданд.

Ҳамоиши эътирозӣ дар 20 шаҳри Русия баргузор шуд.

Онҳо аз ҳукуматдорон норизоӣ карданд. Ин ҳамоишро расман иҷозат надода буданд. Фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ навиштанд, ки барои “кабутаронро дон додан” ба майдони марказии шаҳр рафтанд.

Наздики як моҳ боз дар Хабаровск сокинон эътироз мекунанд.

9-уми июл мақомоти интизомии Русия раиси минтақаи Хабаровск Сергей Фургалро боздошт карданд. Баъди чанде Кумитаи тафтишоти Русия хабар дод, ки Фургал ба ташкили як қатор кушторҳои фармоишӣ дар минтақаҳои Хабаровску Амурск дар солҳои 2004-2005 гумонбар аст. Феълан маълум нест, ки мавқеи худи Фургал ба ин қазия чист.

Даҳҳо ҳазор нафар ба нишони эътироз аз боздошти губернатори кишвари Хабаровск чанд ҳафта боз раҳпаймоӣ мекунанд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.