Боздошти 5 шаҳрванди Тоҷикистон дар Қазон. Аз ҳамватанони худ пул тамаъ мекарданд

Дар шаҳри Қазони Русия 5 зодаи синнашон аз 28 то 56-солаи Тоҷикистон барои қаллобӣ ва тамаъҷӯӣ боздошт шуданд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти ВКД Русия дар Тотористон. Тавре ки нашрияи «БИЗНЕС Online» менависад, ин гуруҳи этникӣ муддати чандин сол аз ҳамватанони худ барои кор гӯиё дар “қаламрави онҳо” ва ҳимоят (крыша) пул талаб мекардаанд.

Манбаъ: Asiaplustj.info

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.