Боздошти 6 фирорӣ аз зиндони Доғистон, ки 2 тани онҳо аз Тоҷикистон ҳастанд

Дар Қалмиқи Русия шаш фирорӣ аз зиндони Доғистонро боздошт карданд. Дар ин бора раёсати корҳои дохилии Доғистони Русия хабар дод. Фирориҳоро дар деҳаи Улан-Холи Қалмиқ пайдо карданд.

Ин зиндониҳо рӯзи 23 сентябр тавассути нақбе фирор карданд, ки худи онҳо канда буданд. Мақомоти зиндонҳои Русия баъдтар хабар доданд, ки фирориҳо бо айбҳои куштору фурӯши маводи мухаддир аз 10 то 14 сол зиндонӣ шуда буданд. Миёни фирориён ду тан тоҷикистонӣ – Шомил Бойматов ва Маҳмадрасул Машрабов низ буданд.

Барои пайдо ва боздошти фирориҳо гуруҳи бузурги кормандони вазорати корҳои дохилии Доғистон сафарбар шуданд. Кумитаи тафтишотии Русия дар пайи ин ҳодиса нисбати кормандони маҳбас бо моддаи хунукназарӣ парвандаи ҷиноӣ боз кард.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.