Боздошти ду корманди нерӯгоҳи “Норак” барои аз худ кардани маоши коргарон

Оҷонси зиддифасод дар Тоҷикистон ду масъули бахши молии нерӯгоҳи “Норак”-ро ба дуздии маоши кормандон муттаҳам кардааст. Ба иттилои расмӣ, тафтиш нишон додааст, ки шахсони масъули ин бахш тавассути 38 корти пластикӣ ба миқдори 2 миллиону 383 ҳазор сомонӣ маоши кормандони нерӯгоҳро аз худ кардаанд. Ба қавли манбаъ, аз зарари расида зиёда аз 1 миллиону 800 ҳазор сомонӣ барқарор карда шуд. Ҳоло ин ду нафар дар боздошт буда, нисбат ба онҳо парвандаи ҷиноӣ кушодаанд. Назари муттаҳамон ва ё наздиконашон ба ин айбнома дастрас нест.  

 

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.