Боздошти рӯзноманигори шинохта Бобомурод Абдуллоев дар Бишкек

Бобомурод Абдуллоев, хабарнигори узбекистонӣ шоми 9 август аз сӯи кормандони Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон дар яке аз қаҳвахонаҳои шаҳри Бишкек боздошт шуд.

Тимур Қарабоев, вакили мудофеи Абдуллоев гуфт, ки ӯро бо дархости мақомоти Узбекистон боздошт кардаанд.

Бобомурод Абдуллоев бо даъвати Донишгоҳи амрикоӣ дар Осиёи Марказӣ барои таҳсили муваққат ба шаҳри Бишкек омада буд. Аммо баъд аз анҷоми таҳсил, дар робита ба баста шудани марзҳо натавонист, Бишкекро тарк кунанд.

Вакили мудофеъ гуфт, Абдуллоевро рӯзи 10 август ба додгоҳи ноҳияи Якуми майи шаҳри Бишкек мебаранд ва масъалаи ҳабси пешакии ӯро баррасӣ мекунанд.

Сергей Майров, вакили мудофеи тошкандии Абдуллоев пештар аз мақомоти корҳои дохилии Узбекистон расман пурсида буд, ки оё нисбати нафари таҳти ҳимояташ парвандаи нав боз шудааст ё на.

Мақомот дар посух гуфтанд, ки нисбати Абдуллоев ҳеч парвандае боз накардаанд.

Бобомурод Абдуллоев моҳи сентябри соли 2017 аз сӯи мақомоти амниятии Узбекистон дар шаҳри Тошканд боздошт шуд. Ӯро дар навиштани мақолаҳо зидди сохтори конститутсионии Узбекистон бо номи мустаор айбдор карданд.

Додгоҳ моҳи майи соли 2018 Абдуллоевро ба 1,5 соли корҳои ислоҳӣ маҳкум ва аз толори додгоҳ раҳо кард.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.