Боздошти марди 31-сола бо гумони озори ҷинсии духтарандараш дар Душанбе

  • Манобеи молӣ: EUCTJ

Дар пойтахт мақомоти пулис  як мардро боздошт кардаанд, ки дар озори ҷинсии мунтазами духтарандари 10-солааш гумонбар дониста мешавад. 

  • Дар ин бора нахуст фаъолони гуруҳи фейсбукии “СОVID-19: Тоҷикистон”,  ки нигаронии модари кӯдакро ба мақомот расонида буданд,  хабар доданду сипас Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе  бо нашри як баёния хабарро тасдиқ кард.
  • Ба иттилоъи манбаъ, бо дастрас шудани иттилоот санаи 7-уми январ маъмурони пулис ба санҷиш шуруъ карда, бегоҳи рӯз сокини 31-солаи шаҳри Душанбе Э.Н.-ро боздошт кардаанд. Мақомот ин марди мутавалиди соли 1989-ро истиқоматкунандаи муваққати пойтахт медонанд, ки соли 2015 бо ҷурми напардохтани алимент маҳбасӣ шуда, ба озодӣ баромадааст. Ба гумони мақомот ӯ ба амалҳои шаҳвонӣ нисбати кӯдак дар манзили зисташон дар набудани модари кӯдак даст задааст.
  • Пулис исму насаб ва акси гумонбаршударо, ки баъди озод шудан аз маҳбас модари ин духтарчаро ба никоҳи худ дароварда, соҳиби ду кӯдаки дигар шудааст, нашр кардааст. Бо далоили ҳуқуқӣ мо онро нашр намекунем.
  •  Нисбати гумонбаршуда Э.Н. тибқи талаботи моддаи 139 қисми 4 Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ҳаракати зӯроварии дорои хусусияти шаҳвонӣ) парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд.
    Тибқи талаботи моддаи мазкур  барои содир кардани ин гуна кирдори ҷиноӣ  ҳабси тулонии ба муҳлати то 20 сол дар назар аст. Назари боздоштшуда ё намояндаи қонунии ӯ дар бораи ин иттиҳомоти сангин ва боздошташ дастрас нест. Мақомоти Тоҷикистон маъмулан ба чунин боздоштшудаҳо ғайриқонунӣ имкони баёни назарашонро намедиҳанд.
  • Бо ташаббуси Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ҷиҳати барқарор намудани ҳолати рӯҳиву равонии ноболиғи 10- сола равоншиносони таҷрибадори пойтахт ҷалб шудаанд.

The post Боздошти марди 31-сола бо гумони озори ҷинсии духтарандараш дар Душанбе appeared first on MediaMarker.

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.