Боздошти сартабиби бемористони Горди миллии Тоҷикистон барои “порагирӣ”

Сардори қисми тиббии Бемористони ҳарбии Гвардияи миллии Тоҷикистон ба иттиҳоми гирифтани пора аз сӯи Оҷонсии мубориза бо фасод боздошт шудааст.

Оҷонсии мубориза бо фасод рӯзи 4-уми апрел хабар дод, ки Маҳмадӣ Охунов аз як шаҳрванд барои “ноқобил донистани ба хизмати ҳарбӣ”, 25 ҳазор сомонӣ талаб кардааст. Ба иттилои манбаъ, кормандони Оҷонсӣ дар пайи як амалиёт, дар утоқи ултрасадои бинои Шифохонаи ҳарбӣ ӯро баъди гирифтани 23 ҳазор сомонӣ боздошт карданд.

Дар хабари Оҷонсии мубориза зидди фасод таърихи боздошти ин афсари Гвардияи миллӣ зикр нашудааст. Аммо ба иттилои манбаъ, дар нисбати Маҳмадӣ Охунов бар асоси моддаи 32-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парванда боз шуда, баъди таҳқиқ ба додгоҳ фиристода шудааст.

Ноадолативу нобаробарӣ ва вуҷуди омилҳои коррупсиониро замони даъвати ҷавонон ба артиш, бархе аз коршиносон аз омилҳое меҳисобанд, ки метавонад сафи ҷавононеро, ки ҳадафи довталабона рафтан ба артишро доранд, кам кунад.

Мақомоти мубориза бо фасод борҳо аз боздошти бархе аз кормандони комиссариатҳои ҳарбӣ хабар додаанд, ки дар ивази гирифтани пора, мехоҳанд ҷавононро аз хидмати ҳарбӣ озод намоянд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.