Боздошти табибони қазоқ барои фурӯхтани “гувоҳиномаи ваксина”

Пулиси вилояти Мангистауи Қазоқистон ҳашт нафарро бо гумони фурӯши гувоҳиномаи қалбакии ваксина, санаде, ки ба сокинон баъди эмшавӣ зидди коронавируси нав дода мешавад, дастгир кардааст.

Муовини сардори пулиси Мангистау Олтинбек Калиев гуфт, ин 8 нафар мегӯянд, беш аз 150 гувоҳиномаи сохтаи ваксинаро фурӯхтаанд.

Ба гуфтаи Калиев, санадҳои қалбакӣ дар бемористонҳои Жанаозен, Актау ва Мунайлӣ бар ивази то 50 ҳазор танга фурӯхта шудаанд.

Дар сурати исботи гуноҳи табибон ва миёнаравҳояшон ба онҳо то 116 680 танга ҷарима ё корҳои ҷамъиятӣ таҳдид мекунад.

Вазорати умури дохилии Қазоқистон 28 июл хабар дода буд, ки дар робита ба “гувоҳиномаҳо”-и қалбакии ваксина то ҳол 39 парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Пештар расонаҳо аз боздошти табибон дар шаҳрҳои Нурсултону Алмато барои таҳияи санадҳои қалбакии эмшавӣ иттилоъ дода буданд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.