Боздошти тарафдорони Навалний идома кардааст

Бино ба гузоришҳо, мақомоти Русия ба боздошти тарафдорони пешвои мухолифон Алексей Навалний идома медиҳанд ва маркази дуввумин шаҳри бузурги кишварро барои ҷилавгирӣ аз ҳаргуна тазоҳурот бастаанд. Ҳарчанд эътирозе барномарезӣ нашудааст, вале рӯзи 6-уми феврал мақомоти шаҳри Санкт Петербург роҳҳоеро бастанд, ки ба маркази шаҳр мерасонанд.

Маҳз дар инҷо дар ду ҳафтаи гузашта тазоҳуроти калони тарафдорони Навалний сурат гирифт. Пулис гуфт, ки ба зидди тарафдорони мухолифон 30 амалиёт доир кардааст. Дар шаҳри Владивосток аз ҷумла хонаҳои фаъолони маданӣ, сиёсатмадорони мухолифи давлат ва хабарнигоронро тафтиш кардаанд.

Ҳафтаҳои гузашта дар бештар аз 100 шаҳри Русия ҳазорон нафар аз тарафдорони Алексей Навалний мунтақиди сарсахти раиси ҷумҳур Владимир Путин эътироз карданд. Ӯро, ки баъди муолиҷа дар Олмон рӯзи 17-уми январ ба Русия баргашт, дастгир карданд. Алексей Навалнийро баъди заҳролудшавӣ, ки ба гуфтаи худаш, кори дасти мақомоти Русия буд, ба Берлин бурда буданд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.