Боздошти “як ҷангҷӯи тоҷик” бо шиносномаи қалбакӣ дар Молдова

Мақомоти интизомии Молдова як шаҳрванди Тоҷикистонро бо гумони узвият дар гуруҳи тундрави “Давлати исломӣ” дастгир кардаанд. Мақомоти ин кишвар рӯзи 20-уми январ гуфтанд, шаҳрванди 28-солаи Тоҷикистон ҳангоми убури марз бо шиносномаи қалбакии Украина боздошт шуд.

Расонаҳои Молдова аз қавли мақомоти ин кишвар навиштаанд, шаҳрванди Тоҷикистон ҳангоми убур аз марз ҳаяҷонзада буд ва ин чиз шубҳаи марзбононро ба бор овард. Тафтиши санадҳои ин ҷавон нишон додааст, ки шиносномаи украинии ӯ қалбакӣ буда, худаш ҳам ғайриқонунӣ ба воситаи роҳи заминӣ вориди Молдова шудааст.

Ин шаҳрванди Тоҷикистон, ки номаш зикр намешавад, бо иттиҳомҳои иштирок дар низои мусаллаҳонаи кишварҳои дигар ва иштирок дар амалҳои террористӣ таҳти пайгарди мақомоти тоҷик будааст. 

Дар ҳоли ҳозир ин шаҳрванди Тоҷикистон ба боздоштгоҳи Молдова интиқол ёфта, санадҳояш барои баррасӣ ба Тоҷикистон фиристода шудаанд.

Тибқи иттилои мақомоти Тоҷикистон наздики 2 ҳазор шаҳрванди кишвар дар ҷангҳои Сурия ва Ироқ ширкат доштанд. Қаблан бархе аз ин афрод дар марзи Украина боздошт шуда, бархеи онҳо ба кишвар истирдлод шудаанд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.