Боздошти як раиси ҷамоат дар Исфара ба иттиҳоми гирифтани пора

Мақомоти додситонии Исфара раиси як ҷамоатро бо гумони гирифтани пора дар ҳаҷми 4 ҳазор доллар, боздошт кардаанд. Аз ин ниҳод ба Радиои Озодӣ бо тасдиқи ин хабар гуфтанд “боздоштшуда М.М, раиси ҷамоати “Шаҳрак”-и Исфара мебошад”.

Ба иттиллои манбаъ, ӯ ҳамроҳ бо як корманди кооперативи тиҷоратии “Суфро Боқиева” аз як устои чӯбтарош барои имзову муҳр ва ҷудо намудани қитъаи замин 5 ҳазор доллари амрикоӣ талаб карда, ҳангоми гирифтани 4 ҳазори он дар утоқи корияш дастгир шудааст. Манбаъ мегӯяд, марди 60 солае, ки устои чубтарош будааст, барои сохтмони корхонаи кордсозӣ, маводи ороишӣ аз чӯбу тахта ва мағоза барои фурӯши маҳсулоти тайёр ниёз ба қитъаи замин доштааст.

“Бо вуҷуди он, ки устои чӯбтарош аз раиси ҷамоат, бисёр хоҳиш менамояд, ки азбаски писараш дар муҳоҷирати меҳнатӣ аст, имконияти додани 5 ҳазор долларро надорад, балки метавонад 3 ҳазор доллар диҳад, ӯ розӣ намешавад. М.М, ва ҳамдасташ  ҳангоми гирифтани 4 ҳазор доллар пора дар утоқи кории раиси ҷамоат дастгир ва аз онҳо 4 ҳазор доллари ИМА  ҳамчун далели шайъӣ гирифта шуд”-афзуд манбаъ.

Додситонии шаҳри Исфара алайҳи ин ду нафар бо моддаи 319–и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, “гирифтани пора”парванда оғоз кардааст.  Ҳануз назари дастгиршудаҳо ба ин иттиҳом маълум нест. 

Хабари боздошти раиси ҷамоат барои порагирӣ аз як устои чӯбтарош дар ҳолест, ки ҳукумати Тоҷикистон солҳои 2019-2021-ро “Соли рушди деҳот, саёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон кардааст. Бо чунин эълон борҳо таъкид шуда буд, ки мақомот барои беҳбудии кори ҳунармандони мардумӣ шароит фароҳам созанд.   

Ин ҳодисаи аввалини боздошти раиси ҷамоат набуда, сари чанд вақт чунин хабарҳо расонаӣ мешаванд. Қаблан додситони кулли Тоҷикистон гуфта буд, ки дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ 513 парвандаи ҷиноӣ вобаста ба замин ва заминфурушӣ оғоз шуда, садҳо нафар барои қонуншиканӣ ба ҷавобгарӣ кашидаанд.

Заминфурӯшии мақомоти маҳаллӣ як мояи асосии шикояти мардум дар Тоҷикистон ба шумор меравад. Бисёриҳо мегӯянд, бидуни пардохти ришва гирифтани қитъаи замин тақрибан номумкин шудааст.

Юсуф Раҳмон, Додситони кулли Тоҷикистон афзуд, 3248 нафар барои қонуншиканӣ ба ҷавобгарии интизомию маъмурӣ кашида шуда ва беш аз 6286 гектар қитъаи замин ба ҳолати аввал баргардонида шудааст. 

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.