Бозгашт ба Ватан: 600 шаҳрванди Тоҷикистон аз Қазоқистон баргаштанд

Созмони байналмилалии муҳоҷират (СБМ) – Оҷонси СММ доир ба муҳоҷират ба бозгашти 600 шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар марзи Қазоқистон бо Узбекистон дармонда буданд, мусоидат намуд.

Муҳоҷирон бо автобусҳо роҳи дарозро аз гузаргоҳи марзии Жибек Жоли дар Қазоқистон тавассути Узбекистон тай намуданд ва дергоҳи шаби 19-уми июн амн ба Тоҷикистон расиданд. Ин ибтикорро Ҳукумати Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ҳукуматҳои Қазоқистон ва Узбекистон ҳамоҳанг намуд ва онро намояндагиҳои СБМ дар ҳар се ҷумҳурӣ созмон доданд. СБМ дар рӯзҳои қабл аз интиқол ба муҳоҷирони дармонда ёриҳои башардӯстона расонид ва бозгашти онҳоро таъмин намуд. Ин ҳама бо ёрии молии ҳукуматҳои Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Подшоҳии Норвегия сурат гирифт.

Муҳоҷирони корӣ ва донишҷӯён, бо шумули занону кӯдакон аз ҷумлаи бозгаштагонанд. Беш аз чаҳоряки муҳоҷирони бозгашта ҷавонони аз 15 то 24-сола мебошанд ва тақрибан 100 нафарашон донишҷӯёни донишгоҳҳои қазоқӣ мебошанд. Тақрибан 15 дарсади бозгаштагон занону духтарон мебошанд.

Дар ҳафтаҳои ахир, садҳо шаҳрванди Тоҷикистон ба марзи Қазоқистон бо Узбекистон бо умеди идомаи роҳ ба Тоҷикистон омада буданд. Бархе аз онҳо дар марз дар шароити сабрзудо бо дастрасии маҳдуд ба об, ғизо ва маводи беҳдоштӣ ва зери хатари гирифторӣ ба КОВИД-19 муддате ба сар бурданд. Ба сабаби набудани паноҳгоҳ, муҳоҷирон дар зери ҳавои кушод ва гарм ба сар бурданд. СБМ дар ҳамкорӣ бо созмони маҳаллии иҷтимоии Сана Сезим ба муҳоҷирон об, ғизо, маводи беҳдоштӣ тақсим кард.

Бемории фарогири КОВИД-19 ҳукуматҳоро водор намуд, то ҷиҳати пешгирӣ аз густариши вирус чораҳои зарурӣ андешанд. Ин чораҳо, ҳамчунин, аз маҳдудиятҳои сафар ва ҳаракат ҳам иборат буданд, ки ба ҳама таъсир расониданд, ва баъзе аз ин чораҳо вазъи осебпазири муҳоҷиронро мушкилтар гардонида, дар натиҷа, боиси бандмонии шумораи зиёди муҳоҷирон гардиданд. Оҷонси СММ доир ба муҳоҷират аз меъёрҳои пешгирӣ аз густариши КОВИД-19 истиқбол мекунад ва ҳамзамон, ба эҳтироми ҳаққи муҳоҷирон барои бозгашт таъкид менамояд. СБМ аз ҳамаи ҷонибҳои дахлдор дар кишварҳои мизбон, интиқол, ва ватани муҳоҷирон даъват мекунад, то роҳҳои бозгардонии муҳоҷирони дармондаро бо назардошти риояи меъёрҳои ҳимояи саломатии ҷомеа ҷӯё шаванд.

Манбаъ: Faraj.tj

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.