Бозии хатарноки Зоҳири Ағбар – сафири Афғонистон

Aхиран як гуруҳ аз аъзои ҳукумати Ашраф Ғанӣ, ки бар асари хиёнат ва ҷинояти онҳо артиши Афғонистон муталошӣ шуд ва давлати он кишвар суқут кард, талош доранд, Аҳмади Масъудро аз саҳна ҳазф кунанд, Ҷабҳаи муқовимати миллиро бишкананд, ва толибонро машруъият бибахшанд. Эъломияи содиршудаи рӯзи гузашта аз нишонии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба ҳамин манзур аст. Бино ба маълумоти наздикони аъзои ин гуруҳ баъди талошҳои зиёд, ки муваффақ ба касби ҳимояти Аҳмад Масъуд барои роҳандозии муқовимат зери роҳбарии Ашраф Ғанӣ нашуданд, онҳо даст ба ин иқдом заданд. Ҳадафи аслии ин гурӯҳ шикастан ва саркӯби охирин ҳастаҳои муқовимат ва шакл нагирфитани он ба ҳайси як ҷабҳаи миллии озодихоҳии Афғонистон мебошад.  

Ҳоло нақши ҳамоҳангсозии амалкардҳои ин ҳалқаи кутадтогарро сафири Афғонистон дар Тоҷикистон Зоҳири Ағбар ба уҳда дорад. Ӯ меҳмондори Бисмилло Муҳаммадӣ, ки 9 қулурду (армейский корпус)-ро ба толибон таслим кард, Фазл Аҳмади Маънавӣ, вазири адлияи Ашраф Ғанӣ, ки ахиран баъди муомила бо Толибон ба ин ҷо расидааст, инчунин афроди дигаре, ки феълан аз онҳо ном намебарем, мебошад. Онҳо дар таббонӣ бо Ҳанифи Атмар, вазири хориҷаи Ашраф Ғанӣ баёнияи ахирро содир кардаанд. Ҳадафашон ин аст, ки аз номи муқовимат бо роҳбарии Ашраф Ғанӣ бо толибон вориди муомила шаванд, ҳукуматро расман таслим кунанд ва бар ивази он аз толибон имтиёз бигиранд. Аъзои ҳукумате, ки давлат ва артишрро таслим доданд, миллатро бадбахт ва дар ба дар намуданд, боз даъвои роҳбарӣ доранд. “Ту даруни дар чӣ кардӣ, ки буруни хона ойӣ”?

Зоҳири Ағбар набояд ҳайсият ва обрӯи миллати худ ва ҳамин тавр кишвари мизбонашро ба бозӣ бигирад. 

Набояд иҷоза дода шавад, ки дар ҷоҳталабии гуруҳҳои манфиатҷӯ ва заминагузорӣ барои ихтилофи сиёсӣ ва иҷтимоӣ миёни афғонҳо номи Тоҷикистон истифода шавад.

Эҳсоси инсонӣ ва ҳамтаборӣ дар чунин вазъияте иҷоза намедиҳад, ки бигӯям, Зоҳири Ағбар, ба хонаат баргард! Вале лутфан, эҳтироматонро дошта бошед, ҷаноби сафир. 

                Сардабир 

 

 

 

بازیخطرناکظاهراغبرسفیرافغانستان 

اخیرایکگروهازاعضایحکومتاشرفغنی،کهبراثرخیانتآن‌هاارتشافغانستانمتلاشیشدودولتآنکشورسقوتکرد،تلاشدارند،جبههمقاومتملیرابشكنند،احمدمسعودراازصحنهحذفکنندوطالبانرامشروعیتببخشند. اعلامیهصادر‌شدهروزگذشتهازنشانیجمهوریاسلامافغانستانبههمینمنظوراست. بنابهمعلوماتنزدیکاناعضایاینگروهبعدتلاش‌هایزیاد،کهموفقبهکسبحمایتاحمدمسعودبرایراه‌اندازمقاومتزیرراهبراشرفغنینشدند،آن‌هادستبهایناقدامزدند. هدفاصلاینگروهشکستنوسرکوبآخرینهسته‌هایمقاومتوشکلنگرفتنآنبهحیثیکجبههملیآزادی‌خواهیافغانستانمی‌باشد .

حالانقشهماهنگ‌سازعملکرد‌هایاینحلقهكتدتا‌گرراسفیرافغانستاندرتاجیکستانظاهراغبربهعهدهدارد. اوفعلاًمهمانداربسملامحمداو،که 9 قلردورابهطالبانتسلیمکرد،فضلاحمدمعنوی،وزیرعدلیهاشرفغنی،کهاخیرابعدمعاملهباطالبانبهاینجارسیده‌است،اینچنینافراددیگری،کهفعلاًازآن‌هانامنمی‌بریم،می‌باشد. آن‌هادرتبانیباحنیفاتمر،وزیرخارجهاشرفغنیبیانیهاخیرراصادرکرده‌اند. هدفشانایناست،کهازناممقاومتباراهبراشرفغنیباطالبانواردمعاملهشوند،حکومترارسماًتسلیمکنندوبرعوضازطالبان .امتیازبگیرند 

اعضایحکومتی،کهدولتوارتشرراتسلیمدادند،ملترابدبختیودربهدرنمودند،بازدعوایراهبریدارند. “تودروندرچیکرد،کهبرونخانهآی؟

ظاهراغبرنبایدحیثیتوآبروملتخودوهمینطورکشورمیزبانشرابهبازیبگیرد 

نبایداجازهدادهشود،کهدرجاه‌طلبیگروه‌هایمنفتجووزمینه‌گذاریبرایاختلافسیاسیو .اجتماعیمیانافغان‌هانامتاجیکستاناستفادهشود 

احساسانسانیوهم‌تباریدرچنینوضعیتیاجازهنمی‌دهد،کهبگویم،ظاهراغبر،بهخانه‌ات .برگرد! ولیلطفاً،احترامتانراداشتهباشید 

 

Манбаъ: Millat.tj

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.