Бозтоби дурӯғини иқдоми навбатии ҳукумат дар “Ховар”

АМИТ “Ховар” иттилоъ паҳн кард, ки тибқи як тағйирот дар лоиҳаи қонун, ки бо ташаббуси Ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод шудааст, андоз аз истифодабарандагони роҳҳои мошингард бекор карда мешавад. Ростиозмоии МедиаМаркер собит сохт, ки:

 

  •  Мазмуни ин матлаб зидду нақиз буда, расона ин хабарро гӯё аз ҷаласаи навбатии Маҷлиси намояндагон таҳия кардааст, вале воқеъияти ҷаласа дигар буд.
  • Дар ҷаласаи мазкур воқеъан лоиҳаи қонун «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон” баррасӣ шудааст, аммо андоз аз истифодабарандагони роҳҳои мошингардро бекор накардааст, балки муҳлати онро бо асосҳои рушан ва тибқи талаби ҳукумат тамдид кард.
  • Яъне, иттилоъи “Ховар” дар мавриди “Андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард низ аз 1-уми январи соли 2015 кам ва аз 1-уми январи соли 2017 умуман бекор карда мешавад” сиҳат надорад.
  • Ин ҳам дар ҳоле, ки ин андоз бояд мувофиқи супориши Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бекор карда мешуд. Президент дар паёмааш аз 27 апрели соли 2014  ваъда дода буд, ки “Андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард низ аз 1-уми январи соли 2015 кам ва аз 1-уми январи соли 2017 умуман бекор карда мешавад”. Ин воқеъиятро “Ховар” аз корбарон пинҳон кардааст, ки нишонаи худсонсур мебошад.
  • “Ховар” дар ин хабар хилофи усули ҳақиқатнигорӣ нагуфтааст, ки муовини Вазири молияи Тоҷикистон Карим Гулмуродзода ба вакилон дар шарҳи зарурати тамдид кардани муҳлати андози номбурда аз ворид нашудани тақрибан 600 миллион сомонӣ ба будҷа дар ҳоли тамдид нашудани муҳлати ин андоз гуфтааст.
  • Илова бар ин матлаб якҷониба таҳия шуда, дар он таносуби назарҳо риоя нашудаанд, ки бархилофи банди 2-и талаботи Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти рӯзноманигорӣ дар Тоҷикистон мебошад.
  • “Ховар” нахуст ин матлабро бо сарлавҳаи дурӯғин нашр карда, сипас онро ислоҳ кард, вале дар ин бора корбаронро огоҳ накарда, узрхоҳӣ накард, ки хилофи талаботи банди 15 Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон мебошад. Ҳол он, ки ин расона бо маблағгузории андозсупорандагон фаъолият мекунад.
  • Бо назардошти нуктаҳои боло матлаби “Ховар” шоистаи нишони “Матлаби беэътимод” дониста шуд.

MediaMarker

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.