Бозтоби қазияҳои рӯзноманигорон Шаҳлои Гулҳоҷа, Исфандиёри Одина ва Абдуллоҳ Ғурбатӣ дар расонаҳо

Қазияҳои пурсару садо ва нангини бо ин рӯзноманигорон дар як муддати кутоҳ иттифоқ уфтода вазъи воқеъии журнализми тоҷикро ба намоиш гузошт 
(ё як нақди расонаӣ ба хотири андеша ва ислоҳ )

Се қазия

Қазияи аввал ҳамлаи расонаӣ алайҳи рӯзноманигори Радиои “Озодӣ” Шаҳло Гулхоҷа барои гардонандагӣ дар баҳси онлойнии Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҳизби дар Тоҷикистон мамнуъи Наҳзати исломии Тоҷикистон ва Собир Валиев узви пешини “Гуруҳи 24” (ки дар Тоҷикистон созмони ифротӣ эътироф шудааст) буд.

Вежагии ин қазия фаҳшгӯӣ ба зан ва рӯзноманигор буд.

Қазияи дуюм латукӯби дубораи хабарнигори гуруҳи расонаҳои “Азия Плюс” Абдуллоҳ Ғурбатӣ дар ноҳияи Хуросон ҳангоми иҷрои рисолати касбӣ буд.

Махсусияти ин қазия ҳамлаи лафзии густурдаи гуруҳӣ ва зургӯии расонаӣ буд.

Қазияи сеюм ҳамлаи расонаӣ алайҳи мудири пешини дафтари BBC дар Тоҷикистон ва ҳомии ҳуқуқи башар Исфандиёри Одина буд. Ӯ барои интиқод аз амалу беамалии мансабдорон дар пайи COVID-19 ва шеваи бархӯрди Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар Тоҷикистон дар қазияи низоъҳои сарҳадии Тоҷикистону Қирғизистон ҳадаф қарор гирифт.

Вежагии ин қазия ҳамлаи лафзии густурда ё онлайн-мобинг ва таҳдид ба пайвандон буд.

Бархурди ВАО ба қазияи Абдуллоҳ Ғурбатӣ 

Қазияи Абдуллоҳ Ғурбатӣ дар расонаҳои дохиливу хориҷи бозтоби густтардатар дошт. Шояд як далели таваҷҷуҳи зиёд ин буд, ки ҳангоми латукӯби пешин дафтари матбуоти ВКД аз боз шудани парванда хабар дода буду тафтиши қазия таҳти назари шахсии вазири корҳои дохилӣ қарор дошт. Аммо қазия на барои ҳама ВАО ва сармуҳарирон баҳонаи хабарӣ шуд.

Расонаҳои ҳукуматии Тоҷикистон назири АМИТ “Ховар”, “Ҷумҳурият”, “Садои Мардум”, “Ҷавонони Тоҷикистон”ва  кулли шабакаҳои телевизионӣ ба ин қазия ҳеч бархӯрде накарданд, хабаре аз ҳодиса нашр нанамуданд.

  Аз расонаҳои дохилӣ танҳо худи “Азия плюс”  (сармуҳаррир Умед Бобохонов ) хабар дода, сипас мақолаҳое ба нашр расонд. Аммо расонаҳои дигари дохилӣ (сойтҳояшон) – “Авеста” (сармуҳаррир Ҷамшед Улмасов ), “Фараж” (сармуҳаррир Хуршеди Атовулло )  “Pressa.tj” (сармуҳаррир Шарифи Ҳамдампур)  “СССР” (сармуҳаррир Сайёфи Мизроб ) “Вечерка” (сармуҳаррир Гулнора Амиршоева), Your. Tj (сармуҳаррир Зебо Тоҷибоева), Лимӯ (Виктория Петрова) ин хабарро сарфи назар намуданд.

Дақиқтараш дар расонаҳо нодида гирифтанд, вале чандеашон, назири Сайёфи Мизроб дар ин бора дар шабакаҳои иҷтимоӣ изҳори андеша карданд.

Аммо сайти нашрияи “Фараж” – faraj.tj  ва сайти нашрияи “Тоҷикистон” –  Pressa.tj рӯзи 1.06.2020 номаи сокинони Хуросонро “ба раиси Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон ва Раҷаби Мирзо” нашр карданд, ки дар он  хабарнигор ба дахолат ба ҳаёти шахсӣ ва манзили зисти сокинон муттаҳам мешавад ва иддао мешавад, ки хабарнигорро касе назадааст.

Ҳамчунин дар ин нома таҳдид мешавад, ки агар касе аз мо бо даъвои хабарнигор ба ҷавобгарӣ кашида шавад, мо рафта дар паҳлуи ӯ (яке аз сокинон) нишаста ба тамоми мақомоти дахлдор муроҷиат мекунем ва намегузорем ӯ (Ғурбатӣ) беҷазо монад.

Тарҳи MediaMarker.info, ки ба дидабонӣ ва арзёбии риояи меъёру стандартҳои касбиву ахлоқӣ дар расонаҳои Тоҷикистон машғул аст, нашри ин номаро дар “Фараж” хилофи ҳамраъйии касбӣ ва талаботи “Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон” донист. Ин ҳам дар ҳоле, ки Абдуллоҳ Ғурбатӣ дар гузашта хабарнигори “Фараж” дар минтақаи Кӯлоб буд.

Бахшҳои тоҷикии расонаҳои байналмилалӣ аз қабили Радиои “Озодӣ”,“Спутник Тоҷикистон”, Садои Хуросон, Би-Би-Си ва сойтҳои дар хориҷбудаи марбут ба Тоҷикистон – Akhbor.com, Euctj.org, MediaMarker.info ҳам ин хабарро бозтоб намуданд.

Бархурди ВАО ба қазияи Шаҳлои Гулхоҷа ва Исфандиёри Одина

Ба қазияи рӯзноманигорони шинохта Шаҳлои Гулхоҷа ва Исфандиёри Одина ҳеч расонае ба ҷуз Ахбор.ком (сармуҳаррир Мирзо Салимпур)ва “Садои мардум” (сармуҳаррир Самариддин Асозода) рӯйкарди иттилоотӣ накарданд.

Ахбор.ком дар як матлаб  аз “Ҳамлаи троллҳои “фермаи ҷавоб” ба хабарнигори радиои озодӣ Шаҳлои Гулхоҷа” гуфта, таъкид кард, ки “Барномаи “Ахбори Тоҷикистон ва ҷаҳон”-ро, ки гардонандагиашро Шаҳлои Гулхоҷа ва продюсериашро Искандари Хоҷармирзода ба ӯҳда доранд, ҳар рӯз аз 200 ҳазор то 400 ҳазор нафар тамошо мекунанд. Ин барнома дар ҳоли ҳозир пуртамошобинтарин барномаи телевизионӣ дар байни тамоми бахшҳои Радиои Озодӣ дониста мешавад”.

Нашрияи порлумонии “Садои Мардум” матлабе бо номи “«Озодӣ» ва наҳзатиҳои террорист”нашр карда, дар мавриди Шаҳлои Гулхоҷа чунин навишт:  “Ҷанбаи дигари боиси нигаронӣ дар нақши судя будани Шаҳлои Гулхоҷа мебошад. Зуд — зуд ба экран мутаваҷҷеҳ гардидани хонум далели он аст, ки «тавсия»-ҳои ҷаноби С. Аюбзодро амалӣ кардан дорад. Вагарна журналист чӣ ҳуқуқ дорад, ки Валиевро таъна занад, ки замоне ҳамсафи мухолифон буд. Аслан ба тезутунд шудани «баҳс» низ Шаҳло мусоидат намуд, зеро муваззаф гардида буд, ки чунин кунад… Шаҳлои Гулхоҷа, ки фаҳмиши асримиёнагиаш замина шуд, то ӯро мисли лӯхтак истифода намоянд, худро хандахариш кард. Саволҳои «омодашуда»-ро дод, ҳусни таваҷҷуҳашро ба саркардаи наҳзатиҳо ошкор кард, талаботи журналистикаро ба хоки сиёҳ яксон намуд… Ин хонум намеандешида бошад, ки падараш солиёни зиёд дар сохторҳои ҳукуматӣ кор кард, чандин сол узви Маҷлиси миллӣ буд. Шоҳидони ҳол мегӯянд, ки он вақт карру фарашро хар намебардошт, мунтазам Ҳукуматро ситоиш мекард. Дар ин замина Шаҳло камол ёфт, соҳибмаълумот гардид… Амалкарди Шаҳло Гулхоҷа собит намуд, ки ҳувияти кормандони Радиои «Озодӣ» барбод рафтааст”.

Мавзеъгирии  созмонҳои рӯзноманигорӣ ба се қазия

Дар баробари се қазияи мазкур ҳама созмонҳои рӯзноманигории Тоҷикистон дар дохил ва хориҷи кишвар мавзеъгирӣ доштанд. Ё бо амал ё бо беамалӣ ва бетарафӣ.

Пеш аз ҳама Кунгураи Урупоии Рӯзноманигорон ва Блогнависони Тоҷик, ки мақараш дар Аврупост дар як изҳороти муфассал ба ҳар сеи ин қазия дахл карда, ин амалкардҳоро шадидан маҳкум намуд.
Дар унвони баёнияи расмӣ, ин созмон бо хитоб ба ҳукумат навиштааст, ки “Ба таҳдиду озор ва хушунат алайҳи рӯзноманигорони мустақил хотима диҳед!”.
Ин созмон дар баёнияи худ менависад, ки “ҳич шубҳае нест, ки сабаби аслии таҳоҷуми лафзӣ ба рӯзноманигорони варзида фаъолияти касбӣ ва мавзеъгириҳои иҷтимоии онҳо мебошад” ва бештари ҳамлаҳои лафзиро моли мақомоти Тоҷикистон меҳисобад – “бахши аъзами таҳоҷуми лафзӣ аз ҷониби фейкҳои мансуб ба «Фабрикаи ҷавоб»-и мақомоти Тоҷикистон нашру паҳн мегарданд”.

Ин созмон аз фаъолияти хабарнигории Абдуллоҳ Ғурбатӣ истиқбол карда мегӯяд, ки ӯ “аз дохили мардум дардҳои иҷтимоии мардум”- ро мегӯяд.

Ҳамчунин созмон Исфандиёри Одинаро аз рӯзноманигорони варзидатарин ва содиқ ба аслҳои рӯзноманигорӣ дониста, фаъолиятҳои иҷтимоияшро дар Ибтикори ҷамъятии “СOVID-19: Тоҷикистон” мояи безобитагии мақомот ва гуруҳҳои дар хидмати онҳо қарор дошта донист.

Кунгураи Урупоии Рӯзноманигорон ва Блогнависони Тоҷик инчунин  Шаҳлои Гулхоҷаро маҳбубтарин рӯзноманигорони Тоҷикистон дониста ва гуфтааст, ки “нашри чанд мусоҳибааш сабаб шуд, ки ниҳодҳои алоҳида ба ӯ душманӣ варзанд”.

Ин созмон ҳамчунин аз Шаҳлои Гулхоҷа ба унвони касе, ки ҳамеша талош мекунад рисолати худро анҷом диҳад, ном бурдааст. Ин созмон аз Ҳукумати Тоҷикистон, мақомот ва гуруҳҳои дар хидмати онҳо қарор дошта тақозо кардааст, ки ба ин гуна “бархурдҳои ғайриинсонӣ, ғайриқонунӣ ва ғайриахлоқӣ” поён диҳанд.

Изҳороти ин созмонро, ки аз баҳонаҳои хабарии рӯз буд, радиои “Озодӣ” (сармуҳаррир Сироҷиддин Толибов) ва “Фергана” (сармуҳаррир Мария Дубнова) бозтоб доданд.

Аммо расонаҳои матраҳ, назири  “Авеста” (сармуҳаррир Ҷамшед Улмасов), гуруҳи расонаии “Азия плюс” (сармуҳаррир Умед Бобохонов), Ахбор.ком (сармуҳаррир Мирзо Салимпур) нашрияҳои мустақили  “СССР” (сармуҳаррир Сайёфи Мизроб), “Фараж” (Хуршеди Атовулло) ва “Тоҷикистон”  (Шариф Ҳамдампур) бозтоб надоданд ва нашр накарданд.

Баъдан Изҳороти муштараки бархе созмонҳои рӯзноманигорӣ, сардабирон ва рӯзноманигорони тоҷик нашр шуд.

Ин изҳорот аз номи Гуруҳи расонаҳои “Азия Плюс”, ТҶ “Хома”, Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон, Эътилофи бонувони журналист ва 7 рӯзноманигори дигар (Иршод Сулаймонӣ, Муҳайё Нозимова, Қироншоҳ Шарифзода, Абдураҳмон Раҳмонов, Манижа Қурбонова, Зебо Тоҷибоева, Иззатманд Саломов, Раҷаб Мирзо ва Хилватшоҳи Маҳмуд) расонаӣ шуд, ки онҳо аз лату кӯби хабарнигор “нигаронии шадид” карда, вуқуи онро “дар ин замони буҳрони каронавирус, ки ҷомеа ба ҳамбастагии миллӣ зарурат дорад ва дар остонаи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бар зарари обрӯ ва эътибори милливу байналмилалии Тоҷикистон” номидаанд.

Дар ин изҳорот, ҳамчунин ҳодисаи рухдода бо Ғурбатӣ монеъгузорӣ ба фаъолияти рӯзноманигор ҳангоми анҷоми рисолати касбӣ  ва ҷиноят унвон шуда, гуфта мешавад, ки “бепосух мондани зӯровариву хушунат нисбат ба рӯзноманигор аз сӯйи ҷомеаи ҷаҳонӣ таҳдид ба озодии баён талаққӣ шуда, боиси латма задан ба обрӯи давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ мегардад”.

Ҳамчунин  дар ин изҳорот ба ҳамлаҳои лафзиву расонаӣ дар баробари Шаҳлои Гулхоҷа низ пардохта шудааст, аммо қазияи Исфандиёри Одина сарфи назар шудааст.

 

Ин изҳоротро  расонаҳое чун “Азия плюс”, Радиои “Озодӣ”, “Спутник Тоҷикистон”, Ахборком нашру бозтоб карданд.

Ҳарчанд “номаи сокинони Хуросон”, ки “Фараж” ва “Тоҷикистон” нашр кардаанд ба унвони Иттифоқи журналистони Тоҷикистон (раисаш Зинатуллоҳи Исмоил) аст, вале ин ниҳод ҳеч бархурде на ба қазияи аввал ва дувуми Абдуллоҳ Ғурбатӣ  кардааст ва на мавзеъгире дар баробари қазияҳои Шаҳлои Гулхоҷа ва Исфандиёри Одина доштааст.

Ҳамчунин созмони “Медиалянси Тоҷикистон” (раисаш Муним Оламов), ки яке аз ҳадафҳои бунёдияш рушди ҳамрайъии журналистӣ дар ҷомеаи журналистии Тоҷикистон аст ин қазияҳоро сарфи назар намудааст.

Бархурди сардабирон ба қазияҳо

Сардабирони расонаҳои Тоҷикистон ба ҷуз Умед Бобохонов, ҳеч кадоми дигар рӯйкарде ба ин қазияҳо надоштанд. Сармуҳаррири “Азия плюс” бо навиштани сутуне ба қазияи хабарнигораш Абдуллоҳ Ғурбатӣ дахл кард, аммо аз қазияи Шаҳлои Гулхоҷа ва Исфандиёри Одина чизе нагуфт.
Албатта бархе сардабирон дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин қазияҳоро аз диди худ баҳогузорӣ кардаанд. Аз ҷумла, Сайёфи Мизроб ба қазияҳои Ғурбатӣ ва баҳсе, ки Шаҳлои Гулхоҷа гардонандагӣ мекард ва Бахтиёри Ҳамдам (сармуҳаррири “Минбари халқ”). Вале дар расонаҳояш дар ин маврид мавзеъгирие надоштанд.

  Соҳибрасонаҳои тоҷик, аз ҷумла Шарифи Ҳамдампур, Ҷамшед Улмасов ва дигарон ҳам ҳеч гуна мавзеъгирии касбие дар баробари ин қазияҳо накарданд.

Бархе аз рӯзноманигорони мустақил дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба таври гуногун ба ин қазияҳо дахолат карданд. Аз ҷумла ҳамлаҳои лафзӣ ва сойберӣ алайҳи Шаҳло Гулхоҷа ва Исфандиёри Одинаро маҳкум намуданд ва нигаронии худро аз латукӯби дубораи Абдуллоҳ Ғурбатӣ баён намудаанд. Аммо агар дар мавриди  қазияҳои Шаҳло ва Исфандиёр агар бархе рӯзноманигорони мустақил мавзеъгирие накарда бошанд, аммо дар қазияи Ғурбатӣ чанде аз аз онҳо ба таври пӯшида лату кӯби рӯзноманигорро тавҷеҳ медоданд ва ҳатто ҳақ медонистанд.
Чун матлаб ба аҳдофи ислоҳи вазъ ва андешаи ҷиддӣ сари арзишҳо ва ҳамрайъии журналистон эҷод шудааст, аз бурдани ном ва овардани мисолҳои мушаххас дар ин бахш худдорӣ мешавад.

Ба ҷои хулоса

Ҳамин тариқ се қазияи пур сару садо ва нангин, ки дар як муддати кутоҳ иттифоқ уфтоданд, собит карданд, ки:

  •  Теъдоди аъзами рӯзноманигорон ва ёварони расонаӣ ба ҳамрайъии касбӣ арҷ намегузоранд, балки ҳифзи манофеъи худро аз он болотар медонанд;
  • Аксари сармуҳаррирон ва муҳаррирони расонаҳо ба нангинтарин қазияҳои журналистӣ аз нигоҳи манфиатҳои ночизи шахсиву гуруҳиву маҳаллӣ бархурд мекунанд;
  •  Фаъолияти созмонҳои журналистӣ фалаҷ буда, посухгӯи воқеъиятҳои рӯзи кишвар ва ҷаҳон нестанд. Созмонҳои алоҳида тобеъи ҳукумати иҷроия шудаанд ё дар ҳавои хостаҳои ниҳодҳои ҳукуматӣ кор мекунанд;
  •  Рӯзноманигорони тоҷик низоми босамари ҳифзи ҳуқуқҳои касбии худро наофаридаанд.

Нақди расонаии мазкур ба хотири ислоҳи вазъ навишта шудааст. Умедворем, ки он оғози баррасиҳои ҷиддӣ ва амалкарди нав дар муҳити расонаии Тоҷикистон мегардад.

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.