Бразилия гуфт, Sputnik V-ро ба кишвараш роҳ намедиҳад

Идораи танзими дорувори Бразилия аз ворид кардани воксинаи русии Sputnik V барои эмкунӣ бар зидди COVID-19 даст кашид ва гуфт,  “хатари эҳтимолӣ” дар заминаи амният, сифат ва фоиданокии ин воксина  вуҷуд дошта метавонад. Дар як овоздиҳии пинҳонӣ дар идораи танзими дорувори Бразилия бо номи Anvisa, ки рӯзи 26-уми апрел баргузор шуд, ҳама аъзои он зидди тасдиқи воксинаи русӣ  назар доданд. Ин дар ҳолест, ки Бразилия бо мавҷи дуюми коронавирус дастбагиребон аст. Як узви шӯрои Anvisa гуфт, ки бар асоси санадҳо ва маълумоти дарёфтии санҷишӣ, иттилои танзимгарони дигари дорувор – мутахассисон дар Бразилия ба ҳамин хулоса расиданд, ки “хатарҳои эҳтимолӣ” хеле зиёд аст.

Шубҳа ба истифодаи воксинаи русии Sputnik V-ро як матлаби маҷаллаи бонуфузи тиббии The Lancet бартараф кард. Ин маҷалла навишт, ки воксина дар 91,6 дарсади ҳолатҳо дар муқобили COVID-19 фоидаовар будааст.  Воксинаи Sputnik V бар асоси аденовирус ваё вирусҳои роҳҳои нафаси инсон таҳия шудааст ва маҳз ҳамин ҷиҳаташ яке аз норизоиятҳои асосии мутахассисони тиби бразилиягӣ будааст.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.