Бритониё бар асоси Қонуни нави Магнитский таҳримҳои аввалро ҷорӣ кард

Бритониё эълон кард, ки бар асоси Қонуни нави Магнитский таҳримҳои аввалро дар шакли масдудкунии ҳисобҳои бонкӣ ва ҷорӣ кардани маҳдудият нисбати 14 шаҳрванди Русия ва ҳашт нафари дигар аз дигар нуқоти ҷаҳон татбиқ кард. Сергей Магнитский як ҳуқуқшиноси рус буд, ки нақшаҳои фасоди молӣ ва дуздии 230 миллион доллар маблағҳоро аз Русия ошкор карда буд. Худи ӯ баъди боздошт дар шароити мармуз дар зиндон даргузашт. Бар асоси тадбирҳои гирифташуда, дороиҳои шаҳрвандони Русия дар Бритониё масдуд шуда моликони онҳо ҳақи сафар ба ин кишварро надоранд. Доминик Рааб, вазири хориҷии Бритониё гуфт, “бар асоси тадбирҳои марбут ба ҳуқуқи башар дар ҷаҳон, таҳримҳои зиддикоррупсионӣ на тамоми кишвар ё мардум, балки  шахсиятҳоеро ҳадаф қарор додаанд, ки бояд масъулият дошта бошанд ва ҳам онҳое, ки барои ин амалҳои коррупсионӣ мусоидат мекунанд”. Дар миёни таҳримшудаҳо исми Дмитрий Клюев, моликдори “Универсальный банк сбережений» дар Русия ҳам ёд мешавад.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.