“Буҷавиҳо”-и Туркманистон вазифадор шуданд, бо худ шарбати ширинбия гардонанд

Дар вилояти Лебапи Туркманистон мансабдорон, кормандони муассисаҳои буҷавӣ ва хонандагон вазифадор карда шуданд, ки бо худ шарбати решаи ширинбия гардонанд.

Ба иттилои бахши туркмании Радиои Озодӣ, ин шарбат дар доруқуттии ҳамаи кормандони муасссисаҳои давлатӣ ё хонандагони мактабҳои миёна бояд бошад.

Ба гуфтаи хабарнигори бахши туркмании Радиои Озодӣ, дар ноҳияи Фороби Лебап кормандони муассисаҳои давлатӣ огаҳ карда шудаанд, ки бидуни ин гуна доруқуттӣ ба коргоҳ роҳ дода намешаванд.

Хонандагони мактабҳои Фороб низ вазифадор шудаанд, ки баъди оғози дарсҳо дар рӯзи 18 январ бояд бо худ шарбати решаи ширинбия, маводи зиддиуфунӣ, панҷ дона ниқоби тиббӣ ва дастпӯши резинӣ дошта бошанд.

Президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов 25 декабри соли гузашта дар ҷаласаи ҳукуматаш дар бораи фоидаи решаи ширинбия суҳбат карда буд. Вай гуфт, решаи ширинбия метавонад дар мубориза бо коронавирус доруи муассире бошад.

“Решаи ширинбияро дербоз дар тиб ва тибби мардумӣ барои табобати бемориҳои дохилӣ, сулфа, дарди гурда ва роҳҳои болоии нафас истифода мебаранд”, – изҳор дошт Бердимуҳаммадов.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.