Будҷаи харҷҳои президенти Русияро як миллиард рубл зиёд карданд

Дар се соли оянда барои фаъолияти ниҳодҳои ҳукуматии Русия 1,5 триллион рубли буҷа харҷ хоҳад шуд, ки аз ин маблағ 45 миллиарди он барои таъмини фаъолияти президент ва дастгоҳи вай ҷудо мегардад.

Як соли пеш дар тарҳи буҷаи давлатии Русия барои эҳтиёҷоти президент ва дастгоҳи вай як миллиард рубл камтар ва барои фаъолияти сарвазиру дастгоҳи ҳукумати он кишвар се миллиард рубл камтар маблағ пешбинӣ шуда буд.

Бештар шудани харҷҳо дар тарҳи нави буҷа ба афзудани маоши мансабдорон, гароншавии парвозҳо, таҳияи ҷоизаҳои давлатӣ, инчунин маросими савгандёдкунии президент дар соли 2024 рабт дода мешавад.

Дар шари буҷаи нав омадааст, ки қариб 719 миллиард рубл ба фаъолияти низоми додгоҳӣ равона мешавад. Аз ҳисоби ин маблағ афзоиши маоши судяҳои амалкунанд, пардохти нафақаи судяҳои нафақахӯр ва афзудани муҳофизони додгоҳҳо дар назар аст.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.