Булғористон шаш шаҳрванди Русияро дар ташкили таркишҳои муассисаҳои низомӣ гумонбар медонад

Мақомот дар Булғористон гуфтанд, ки дар робита бо силсилатаркишҳое, ки дар чор муассисаи нигаҳдории силоҳ дар  Булғористон дар фосилаи солҳои 2011 то 2020 рух додааст, нисбати шаш шаҳрванди Русия таҳқиқи ҷиноиро оғоз карданд. Сийка Милева, сухангӯи додситонии кулли Булғористон дар як нишасти матбуотӣ дар София рӯзи 28-уми апрел гуфт:

«Бо итминон собит шуд, ки ҳамаи дастгоҳҳои (тарканда) аз фосилаи дур ба кор андохта шудаанд. Дар ҳеҷ кадоме аз ин ҳолатҳо ягон иллати мушаххаси техникӣ ё ягон сабаби дигари сӯхтор муайян карда нашудааст. Дар ҳамаи ин чор ҳолат, молҳои нобудшуда барои Гурҷистон ва Украина бояд содир мешуданд».

Милева инчунин гуфт, ки “хулосаҳои қобили боварӣ” ин аст, ки ин ҳодисаҳо ба заҳролудкунии тоҷири силоҳ Емилиан Гебрев дар соли 2015 ва ҳам таркиш дар анбори силоҳи Чехия дар соли 2014 рабт доштаанд. Изҳороти Милева дар ҳоле садо дод, ки 17-уми апрел мақомоти Ҷумҳурии Чех хадамоти иктишофии Русия ё ГРУ-ро дар ташкили таркиши моҳи октябри соли 2014 дар шаҳраки Врбетитсе гунаҳгор карданд. Дар ин ҳодиса 50 тонна силоҳ нобуд ва ду нафар кушта шуд. Ҳукумати Чех чанде баъд эълон кард, ки 18 дипломати сафорати Русияро бо гумони ҷосусӣ аз кишвар берун мекунад ва Русия ҳам дар посух 20 дипломати чехро ихроҷ намуд.

Ба нишони ҳамраъӣ бархе кишвари узви НАТО ва ИА ҳам чанд нафар аз дипломатҳои русро бо гумони ҷосусӣ аз кишварашон берун карданд. Русия аз оғоз ин ҳама иттиҳомотро рад кардаст.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.