Centerra Gold Inc. аз ғасб шудани кони тилои Қумтор ба додгоҳ шикоят бурд

Ширкати канадагии Centerra Gold Inc. гуфт, ки баъди ғасб шудани кони тилои Қумтори Қирғизистон нисбати роҳбарияти муваққати кон ба Додгоҳи олии Онтарио шикоят бурдааст. “Ширкат иттилоъ ёфт, ки Тенгиз Болтурук, мудири муваққати кони тило дар мавриди ғасби ширкат бо ҳукумати Қирғизистон вориди гуфтугӯ шудааст”, – хабар медиҳад Centerra Gold Inc. Тенгиз Болтурур шаҳрвандии Қирғизистон ва Канадаро дорад. Вай моҳи декабри соли 2020 раиси Шӯрои мудирони Centerra Gold Inc. таъйин шуд. Вай рӯзи 17 майи соли ҷорӣ гуфт, ки аз ҳайати Шӯрои мудирони ширкат хориҷ шудааст. Порлумони Қирғизистон рӯзи 17 май ба девони вазирон дастур дод, ки дар ширкати “Қумтор Голд Компани” мудирияти муваққат ҷорӣ кунад. Кони тилои Қумторро дар Қирғизистон ширкати канадагии Centerra Gold Inc. коркард мекунад. Ин ширкат аз тасмимҳои охир дар Қирғизистон нигарон аст. Ширкат гуфт, ба додгоҳи ҳакамии байналхалқӣ шикоят хоҳад бурд. Қумтор калонтарин кони тилои Қирғизистон ба ҳисоб меравад. Қирғизистон дар ин кон 26 дарсад саҳм дорад.

 

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.