Чӣ гуна тағйирёбии иқлим боиси бад шудани ҳосилхезии замин дар Тоҷикистон мегардад

Рӯзҳои  7–ум ва 8-уми декабр дар Душанбе дар доираи Рӯзи ҷаҳонии хок мизи мудаввар оид ба масъалаҳои истифодаи оқилонаи хок дар пайи татбиқи талаботи GLOBALG.A.R. ва дигар стандартхо барои ҷорӣ намудани таҷрибаи пешқадами хоҷагии қишлоқ мусоидаткунанда, баргузор шуд.

Хок яке аз захираҳои муҳимтарини ҳаёт мебошад, ки бояд ҳифз карда шавад. Мушкилоти ҳосилнокӣ омили муҳимтарини зироаткорӣ мебошад. Нигоҳдорӣ ва баланд бардоштани ҳосилхезии хок барои Тоҷикистон рӯз то рӯз яке аз мавзуҳои муҳим мегардад, ки ба афзоиши ҳосилнокии кишоварзӣ ва даромади деҳқонон таъсир мерасонад.

Дар мизи мудаввар намояндагони Вазорати кишоварзӣ, Вазорати энергетика ва захираҳои об, Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ, Агентии беҳдошт ва обёрии заминҳо, Кумитаи ҳифзи муҳити зист, Кумитаи амнияти озуқаворӣ, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон, ассотсиатсияҳои тиҷоратӣ ва намояндагони созмонҳои байналмилалӣ иштирок намуданд.

Мизи мудаввар аз ҷониби Вазорати кишоварзӣ дар ҳамкорӣ бо Институти давлатии лоиҳакашии заминсозии «Тоҷикзаминсоз» бо дастгирии Лоиҳаи рушд ва фарогирии иқтисодиёти устувор дар деҳот/TRIGGER, ки аз ҷониби GIZ (IRDP/TRIGGER II) маблағгузорӣ мешавад, ташкил карда шуд. Ҳамчунин ҳамкории иқтисодии Олмон (BMZ) ва Иттиҳоди Аврупо ФАО низ ин чорабиниро дастгирӣ намуд.

Хок – ин танҳо таҳкурсӣ дар зери пои мо нест

Рӯзи ҷаҳонии хок бо мақсади хотиррасон кардани ҷомеаи ҷаҳонӣ дар бораи аҳамияти захираҳои хок, нақши он дар ҳифзи экосистема ва таъмини афзоиши некӯаҳволии инсон таҷлил карда мешавад.

Хокро танҳо ҳамчун тахкурсии устувори зери пои одам қабул кардан, мумкин нест. Биёбон низ устувориро таъмин мекунад, аммо одамро аз имконияти руёндани озука махрум мекунад, яъне омили ҳосилхезии замин дар ҳаёти мо яке аз накшҳои асосиро ишғол мекунад.

Намояндагони ФАО аз он изҳори нигаронӣ мекунанд, ки тақрибан сеяки захираҳои хок дар ҷаҳон хароб шуда, қисмати дигар ба биёбоншавӣ дучор омадаанд.

Мария Конюшкова, мушовири шарики глобалии хок ФАО, дар  бармади онлайнии худ масъалаи солимии хок, нигоҳ доштани ҳосилнокии он ва таҳдидҳоеро, ки ба сифати хок таъсир мерасонанд, ба миён гузошт.

«Имрӯз мо бо як қатор мушкилоте рӯ ба рӯ ҳастем, ки ҳифзи саломатии хокро душвор мегардонанд. Таҳдидҳои асосие, ки ба хосилнокии хок таъсир мерасонанд, эрозия, талафи моддахои органикӣ, ифлосшавии он, ғизодиҳии номутаносиби хок, таназзули сохтори хок, шӯршавӣ ва ишқоршавӣ, туршшавӣ, гум шудани гуногунии биологии он мебошанд.

Дарвоқеъ, аз солимии хок саломатии инсон, ҳайвонот ва наботот низ вобаста аст. Яъне, хок яке аз ҷузъҳои солимии ягона аст. ФАО тамоми кӯшишҳои худро барои нигоҳ доштани солимии хок равона мекунад “, – гуфт Мария Конюшкова.

Ғайрикорамии хок боиси мушкилоти дарозмуддати экологӣ мегардад

Тағйирёбии иқлим ба сифати хок ва саломатии онҳо таъсири калон мерасонад. Ба гуфтаи Сарафрӯз Замонова, мушовири лоиҳаи IRDP/TRIGGER оид ба занҷири арзишҳо дар самти тағйирёбии иқлим, маҳз шӯршавӣ ва эрозияи хок дар натиҷаи тағйирёбии иқлим ба амал меояд

“Хок яке аз муҳимтарин захираҳои табиӣ ва дуввумин нигоҳдорандаи карбон дар рӯи замин пас аз уқёнусҳо мебошад. Бо тағйирёбии иқлим, хок сифати хидматрасонии экосистемаҳои худро гум мекунад, яъне таъмини ғизо, нах ва энергия, нигоҳдорӣ ва коркарди об ва ғайра суст мешаванд.

Масалан, баланд шудани ҳарорат боиси зиёд шудани хушксолӣ мегардад ва дар муддати тӯлонӣ метавонад бухоршавии обро аз сатҳи хок зиёд намуда, боиси хушк шудани қабатҳои поёнии хок ва зиёд шудани намак дар он гардад. Бо баланд гаштани ҳарорат ва зиёд шудани боришот тамоми моддаҳои фоиданок ва микроорганизмхои дар таркиби хок мавчудбуда зарар мебинанд, аз ин рӯ сифати хок бад мешавад.

Дар Тоҷикистон ғайрикорамии хок мушкилии ҷиддӣ ба шумор меравад: эрозия, талафоти маводи ғизоӣ, ботлоқшавӣ, биёбоншавӣ ва шӯршавӣ. Сабаби ин мушкил набуди идоракунии устувори кишоварзӣ (зироаткорӣ, чорводорӣ ва ғ.), буридани ҷангалҳо ва афзоиши сохтмону инфрасохтор аст”, – шарҳ дод Сарафрӯз Замонова.

Ҳамоҳангсозӣ лозим аст

Иштирокчиёни ҷаласа ҳамчунин масъалаҳои ҳуқуқии ба ҳифзи хок равонашудаи Тоҷикистонро баррасӣ карданд. Тавре зикр гардид, дар Тоҷикистон барои ин заминаи кофии ҳуқуқӣ ба вуҷуд омадааст. Ҳамзамон, намояндаи котиботи ислоҳоти аграрии Вазорати кишоварзӣ Лариса Кислякова як қатор мушкилоти мавҷударо, ки ба истифодаи оқилонаи хок халал мерасонанд, қайд кард.

“Аз нигоҳи таъмини ҳуқуқӣ дар Тоҷикистон ба масъалаҳои ҳифзи хок таваҷҷӯҳи зиёд зоҳир мешавад, аммо барномаи алоҳидае вуҷуд надорад. Ғайр аз ин, дар байни ҳамаи сохторҳое, ки дар соҳаи идоракунии хок кор мекунанд, ҳамоҳангиро ба миён гузоштан лозим.

Умедворем, ки дар назди Вазорати кишоварзӣ шӯро таъсис дода мешавад, ки дар он тамоми сохторҳои дигар муттаҳид хоҳанд шуд, то дар якҷоягӣ самтҳои фаъолияти тамоми сохторҳо оид ба беҳтар кардани ҳолати замин муайян карда шаванд”, – мегӯяд, Лариса Кислякова.

Дар охири ҷаласа нақшаи такмили идоракунии хок бо дарназардошти ҷорӣ намудани усулҳои инноватсионӣ, аз ҷумла GLOBALG.A.P., ки ҳосили маҳсулоти кишоварзиро афзоиш медиҳад, таҳия карда шуд.

Дар рӯзи дуюми чорабинӣ Институти давлатии лоиҳакашии заминсозии «Тоҷикзаминсоз» иштирокчиёнро бо хизматрасониҳои истифодаи оқилонаи замин шинос намуд. Донишкада дар лабораторияи худ мастер – класс баргузор намуда, ба иштирокчиён оид ба фаъолияти таҳлили хок маълумот дод ва барои баланд бардоштани ҳосилхезии замин тавсияҳо дод.

Ин мавод бо кӯмаки молии Иттиҳодияи Аврупо ва Вазорати федералии ҳамкориҳои иқтисодӣ ва рушди Олмон (BMZ) таҳия шудааст. Мундариҷаи он масъулияти GIZ аст ва нуқтаи назари Иттиҳоди Аврупо ё Вазорати федералии ҳамкориҳои иқтисодӣ ва рушди Олмонро (BMZ) инъикос намекунад.

Сообщение Чӣ гуна тағйирёбии иқлим боиси бад шудани ҳосилхезии замин дар Тоҷикистон мегардад появились сначала на YOUR.

Манбаъ: Your.tj

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.