Чӯпонҳои норозии Самарқанд рамаи гӯсфандро пушти дари ҳукумат оварданд

Дар ноҳияи Нурободи вилояти Самарқанди Узбекистон чӯпонҳои маҳаллӣ бо нишони эътироз аз гирифтани чарогоҳҳояшон рамаи гӯсфандро пушти дари ҳукумати ноҳия оварданд.

Дар наворе, ки дар шабакаҳо нашр шуд, дида мешавад, ки чӯпонҳо дар пушти дари бинои ҳукумати маҳаллӣ талаби чарогоҳ мекунанд.

Як сокини ноҳияи Нуробод гуфт, ин ҳодиса баъд аз нисфирӯзи 6 апрел рух додааст.

“Қисме аз сокинони ноҳия аз ҳисоби гӯсфандпарварӣ зиндагӣ мекунанд. Ҳоло моро аз чарогоҳҳо маҳрум мекунанд. Аз ҳамин хотир чӯпонҳо бо рамаи гӯсфанд пушти дари ҳукумат омаданд”, – гуфт як сокини ноҳия.

Тирамоҳи соли гузашта мақомоти Узбекистон ба ширкати “Самарқанд қаракӯл кластер” 151 ҳазор га ва ба ширкати “SP LUXE ” 197,2 ҳазор га замин ҷудо карданд. Қисме аз ин заминҳо аз ҳисоби чарогоҳҳои ноҳияи Нуробод ба ширкатҳо дода шуд.

Ширкатҳо бо ҳадафи парвариши гов заминҳоро соҳиб шуданд. Аммо сокинони маҳаллӣ мегӯянд, дар асл дар ин заминҳо бештар аз 4 ҳазор сар гӯсфанд парвариш мешавад. Маҳз ҳолати мазкур норозигии сокинони маҳаллиро ба бор овард.

Як манбаъ аз мақомоти ноҳияи Нурободи Узбекистон гуфт, баъди эътирози чӯпонон, шартномаи иҷораи замин бо ширкати “SP LUXE” бекор ва чарогоҳҳо ба тавозуни давлат баргардонида шудаанд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.