Чанд тасмими Байден барои муқобила бо коронавирус

Ҷо Байден 21-уми январ дар рӯзи аввали пурраи кориаш  дар мақоми президенти нави ИМА чанд фармонеро имзо кард, ки бар асоси стратегияи нави кишвар алайҳи пандемия таҳия шудаанд. Фармонҳои ӯ ба суръат бахшидани барномаи эмкунии зидди COVID-19, афзоиши тестҳо ва пӯшидани ниқобҳо,  ҷамъоварии бештари иттилоъ ва таҳлилу такмили сиёсати мубориза бо вирус бахшида шудааст.  Ба ҳангоми сафар ба ИМА аз ҳар мусофир тести манфии COVID-19 ва ҳам дар карантин нишастан талаб мешавад. Байден инчунин аз сохторҳои давлатӣ тақозо кард, ки бар асоси Қонуни маҳсулоти дифоӣ, ки як санади марбут ба давраи ҷанг мебошад, ба истеҳсоли маводи зарурӣ дар ҳолати изтирорӣ машғул шаванд. Байден гуфт, “ин тадбирҳои марбут ба давраи ҷанг аст”. Ӯ гуфт, нақшаи онҳо аз роҳандозии як барномаи муассир ва амни эмкунӣ аст, то ки дар 100 рӯзи аввали кораш 100 миллион нафар  тавонанд воксинаи зидди коронавирусро дарёфт кунанд. Дар қиёс бо президенти пешин Доналд Трамп, Байден гуфт, ки муқобила бо коронавирус дар авлавияти кори ӯ қарор мегирад.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.