Чаро дар ИМА раисҷумҳур наметавонад аз ду давра бештар интихоб шавад?

  • Манобеи молӣ: EUCTJ
Дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико президентҳо наметавонанд  беш аз ду давра дар ин мақом интихоб шаванд. Муҳим нест, ки  ин давраҳо пайдарҳам бошанд, ё бо танаффус. Аз соли 1951 бо баргузории 22-вумин ислоҳи Қонуни асосии ИМА ин қоида  амал мекунад. 
  • Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии ИМА дар саҳифааш дар Фейсбук изҳори назар кардааст.
  • Гуфта мешавад, ки ҳатто то соли 1951 аксари руасои Ҷумҳур аз Ҷорҷ Вашингтон ибрат гирифтанд ва бо таъкид бар ин, ки сарнавишти кишвар аз ҷоҳталабиҳои шахсӣ муҳимтар аст, саъй накарданд беш аз ҳашт сол дар мақоми худ бимонанд.
  • Бархе муътақиданд, ки ин маҳдудият ҳуқуқи  раъйдиҳандагонеро, ки раҳбари худро ҳимоят мекунанд ва мехоҳанд ӯ дар вазифаи худ боқӣ бимонад, нақз мекунад,  ҳатто агар ин ба маънои бознигарӣ дар Қонуни асосии кишвар бошад.
  • Бо ин ҳол, таърих нишон медиҳад, ки маҳдудиятҳои замонӣ ниҳодҳои демократиро дар муддати тӯлонӣ мустаҳкам мекунанд ва ба интиқоли сулҳомези қудрат мусоидат менамоянд.
  • Дар баробари ин, маҳдудияти замонӣ  чунин бартариҳо дорад:
          роҳбарони фаъъол қодир нестанд, ки идораҳои давлатиро барои  тақаллуб намудани интихобот истифода баранд ё қудрати шохаҳои рақиби ҳукумат ва рақибони сиёсиро суст кунанд;
Ин роҳбарон нисбат ба зарурати ба даст овардани натиҷаи хуб ва бо мероси мусбӣ аз сари қудрат рафтан ҳассос мешаванд;
Онҳо новобаста аз  қудратманд ва маҳбуб будан наметавонанд ивазнашаванда бошанд;
Интиқоли қудрати сиёсӣ ба кори муқаррарӣ, мунтазам ва пешбинишаванда табдил меёбад, аз ин рӯ ҳизбҳои рақобаткунанда чандон ҳавасманд нестанд, ки низомро тавассути табаддулот ё дигар роҳҳо тағйир диҳанд.
  • Исми баъзе аз руасои Ҷумхури Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, ки ду дафъа ва бештар аз он интихоб шудаанд:
1 – Ҷорҷ Вашингтон / Луи Гланзман, 1976 © Луи Гланзман
2 – Франклин Рузвельт / Дуглас Гранвилл Чандор, 1945
3 – Вудроу Вилсон / Ҷон Кристен Йохансен, 1919
4 – Роналд Рейган / Эверетт Раймонд Кинстлер, © 1991, Эверетт Раймонд Кинстлер
5 – Билл Клинтон / Нелсон Шенкс, 2005
6 – Ҷорҷ Буш / Роберт А. Андерсон, 2008
7 – Барак Обама / Kehinde Wiley, © 2018 Kehinde Wiley
  • Бояд гуфт, ки дар бархе аз кишварҳои пасошӯравӣ, ки ба сӯи ба ном “ҷомеъаи  демократӣ” қадам мениҳанд, ин рукни муҳими ҳокимияти халқ аз тариқи ислоҳоти Сарқонун ва қабули сифр кунонидани мӯҳлатҳои қаблӣ нақз карда мешавад ва роҳро ба сӯи клептократия боз кардааст.
  • Дар Тоҷикистон ҳудуди 28 сол аст, ки Эмомалӣ Раҳмон бо ворид намудани тағйирот ба Сарқонуни кишвар, қабули “Қонун дар бораи пешво”ва баргузории интихоботи бедуни рақибони ҷиддии сиёсӣ ва сохтаву тақаллубӣ дар вазифаи раисҷумҳур боқӣ мемонад.
  • Коршиносон бар онанд, ки ӯ қасд дорад пас аз худ ин вазифаро ба ихтиёри писараш Рустами Эмомалӣ- шаҳрдори Душанбе ва Раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон вогузорад ва мамлакатро ба як кишвари салтанатӣ табдил диҳад.

The post Чаро дар ИМА раисҷумҳур наметавонад аз ду давра бештар интихоб шавад? appeared first on MediaMarker.

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.