Чаро модаре худу кӯдаконашро мекушад? Баҳс дар “Гапи Озод”. ВИДЕО

Чаро худкушиҳои модарони ҷавон ҳамроҳ бо кудаконашон дар Тоҷикистон рӯ ба афзоиш ниҳодааст?

Яке бо кудаконаш дар бағал худро ба дарё меандозад, дигаре ба оташ мекашаду саввумӣ меовезад. Чунин фоҷиаи мудҳиш чанд рӯз пеш дар Панҷакент иттифоқ афтод. Модари 31-солае фарзандони 6-сола, чаҳорсола ва духтарчаи 8-моҳаашро дар шохҳои дарахт овехт ва сипас худашро ҳамингуна кушт. Ин ҳодисаҳо аз куҷо сарчашма мегиранд? Мушкилоти иҷтимоӣ, иқтисодӣ? Ҷанҷолҳои оилавӣ ва ё муноқиша бо хушдоману шавҳар? Ҳамин суолҳоро имрӯз ба барномаи Гапи Озод кашидаем. Меҳмонони барнома Марям Давлатова, коршиноси масоили гендерӣ ва равоншинос Маҳмудшоҳ Кабирӣ ҳастанд.

Иқтибосҳое аз барнома:

Марям Давлатова: “Ғаризаи модарӣ, метавонад, ҷазои парвардигор бошад, метавонад, ҳадяи парвардигор бошад. Агар модаре бо кӯдаконаш аз ин олам рафтан мехоҳад, пас ба ин олам ягон зарра бовар надорад, ки кӯдаконаш дар ин олам баъди сари ӯ хушбахт мешаванд ва як лаҳза осоиш мебинанд. Ин як ҷавоби умумӣ аст.”
Маҳмудшоҳ Кабирӣ: “Омилҳои равонӣ. Сустии ирода, табиати оташин будан, яъне эҳсосӣ. Дигар сустшавии нерӯҳои асаб. Сатҳи пасти фарҳанг ва набудани нозукиҳои маънавӣ метавонад сабаби ин гуна ҳодисаҳо бошад.”
Марям Давлатова: “Бо оилаҳои ҷавон, бо насли имрӯза бо меъёрҳои қадимаи худашон муносибат мекунанд. Масалан як зани ҷавон ба як мушкил гирифтор шуд, назди модараш, модаркалонаш, ё холааш рафт, гуфт, ки ман ҳамин мушкил дорам. Маъмулан одамони калон чӣ мегӯянд, дар давраи мо ҳам ҳамин хел буд, ман тоқат кардам, ту ҳам тоқат кун. Вақте мо ингуна маслиҳат медиҳем, мо дараҷаи тоқати ҳар нафарро намедонем. Як нафар агар андозаи тоқаташ 50 грам бошад, ин мисоли хеле содда аст, нафари дигар хеле камтар аст.”
Маҳмудшоҳ Кабирӣ: “Ҳамавақт аз он касоне, ки шумо мешиносед ва мефаҳмед, онҳоро ба назди мутахассисон равон кунед. Албатта бепарво набошед, нисбати ингуна одамоне, ки чунин майл доранд, феълашон иваз шудааст, дар як муддати кутоҳ дар худ мондаанд, ё гап намезананд, ё муошират намекунанд. Инҳо касоне ҳастанд, ки ба чӣ андешае рафта истодаанд.”

Бақияи барномаро инҷо худатон бубинед ва навиштани назарҳоятонро фаромӯш накунед.

 

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.