Чаро рӯзноманигорон ва равшанфикрон Тоҷикистонро тарк менамояд?

Рӯзноманигор, ношир ва шоъири тоҷик Шаҳоббуддини Шуҷоъ дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфтааст, ки  ба далели фишори мақомоти Тоҷикистон кишварро тарк карда, дар хориҷ ба сар мебарад. Фаъолияти ноширии ӯ ва чопи як теъдод китобҳои мазмуну мӯҳтавои интиқодӣ ва динӣ дошта сабаб шудааст, ки нисбати ӯ парвандаи ҷиноӣ боз шавад.

Мо бо суоли ” Чаро дар солҳои ахир сафи рӯзноманигорон ва равшанфикроне, ки кишварро тарк мекунанд, рӯ ба афзоиш аст?” ба се тан аз коршиносони соҳа муроҷиат намудем ва чунин посух гирифтем:

Абдураҳим Умариён, рӯзноманигори муқими ИМА: 
– Дар ин раванд ман чор сабаби асосиро мебинам:
Якум, вазъи номусоид ва шароити вазнини иқтисодиӣ.
Иқтисод барои, сар карда аз оила то коргоҳ ва ҳамингуна давлат, шабеҳи муҳаррик ё рукни асосии пешбарандаи ҳаёти ҷомеа ва давлат аст, ки дигар соҳаҳо аз он ба гунаи қисмҳои пайваст алоқаманданд.
Авҷи ваҳшатбори фасод дар ҷомеа, нобоварӣ ба фардо, дилсардии кормандони муассиса ва вазорату идораҳои давлатӣ бинобар сабаби камии маош, ноумедии муҳассилин ҷиҳати талошашон дар ҷараёни таҳсил, ки мутмаин нестанд пас аз хатми донишгоҳ кори муносибе пайдо намоянд, дар сатҳи поёнтарин расидани саводнокии насли наврас,  коҳиши ахлоқи ҷомеа, афзоиши намудҳои мухталифи ҷиноятҳои ваҳшатноку гушношунид, афзоиши фақр ва дигар мушкилоти иҷтимоӣ мафҳумҳои “фирор” ва “ҳиҷрат” -ро дар зеҳнҳо бештар гардиш медиҳад. Решаи асосии ин ҳама моҷаро маҳз аз иқтисоди паст аст.
Аз руйи нишондодҳои иқтисодӣ ва омори ин соҳа наздики 50 дарсади буҷаи кишварро маҳз пардохтҳои гумрукӣ ва ситонидани фоизҳои гарони андоз таъмин мекунад, ки сабаби асосии он дар кам будани истеҳсолот ё тамоман набудани истеҳсоли номгуйи мухталифи молу колои ниёзи мардум аст.  Кишварҳои тавонманд ва рӯ ба тараққӣ барои таъмини буҷаи кишварашон дар соҳаи андоз ва гумрук нақшаи солона пешбинӣ намекунанд, балки таваҷҷуҳи асосӣ ба рушди соҳибкорӣ, истеҳсолот ва содироти бештари молу маҳсулоташон ҳаст.
Бо ин ҳама назардошт, вобаста ба суоли шумо, рӯзноманигорон, аҳли адабу фарҳанг ва мағзҳои калидӣ дар қиёс ба дигарон барвақттар даст ба кор мешаванд. Ҳоло зоҳиран ба назар мерасад, ки танҳо ин қишри ҷомеа дар ҳоли “ҳиҷрат” аст, аммо шумори онҳое, ки мехоҳанд бо дарёфти роҳҳои ҳамвор ба кишварҳои дорои шароити хуб ҳиҷрат кунанд, кам нест.
Танҳо тавассути барномаи «переселения»-и Русия ҳазорон нафар мутахассисони беҳтарини кишвар тарки Ватан кардаанд, ки паёмадҳои ваҳиму ногувореро дар пай дорад.
Ман ба ақидаи аксарият, ки мегӯянд: сабаби асоси “фирори мағзҳо” маҳз характери сиёсӣ дорад, комилан розӣ нестам. Ба назари ин ҷониб аксари онҳо  ба хотири шароити хуби зист рӯ ба ҳиҷрат овардаанд. Ин нуктаро вазири корҳои дохили Рамазон Раҳимзода низ дар як нишасти матбуотӣ ба рӯзноманигорон зикр карда буд ва дар ҳоли баргашт касе ба эшон коре надорад.
Дуввум, сиёсати кадрӣ ва ҷобаҷогузории кадрҳост. Зоҳиран дар вазорату идораҳои давлатӣ дар ҳоли интихоби кадр донишу малака, тавонмандӣ, ҷаҳонбинӣ, поквиҷдонӣ ва ҳисси баланди ватандӯстӣ (патриотизм) камтар ба инобат гирифта мешавад, балки маҳал, хешу таборчигӣ ва ёру ошнобозӣ бештар дар ҳоли амал аст.
Табиист, агар ба рӯйи шахси донишманд як дарро бибандӣ, сад дари дигар боз аст ва аксарият ин дарҳоро дар хориҷ аз кишвар мекобанд.
Саввум: мушкили волоияти қонун ва номустақилии ду шохаи дигари ҳокимият, яъне қонунгузор ва судӣ.  Тавре мушоҳида мешавад, дилхоҳ мақомоти салоҳиятдори давлатӣ, ки тобеъи ҳокимияти иҷроия ҳаст, дар ҳолатҳои “зарурӣ” метавонад ба мақомоти судӣ таъсиргузор бошад. Парвандаи чанд нафар аз рӯзноманигорон, ҳомиёни ҳуқуқ ва дигар афроди саршинос, ки сару садоҳоеро дар пай дошт, мустақилияти мақомоти судиро зери суол мебарад.
Чорум: сензура ва озодии баён аст, ки дар ин бора ҳоҷати шарҳу тафсир нест…
Пешгирии ҳиҷрати густарда ё ҳамон “фирори мағзҳо” дар заминаи ҳалли мушкилоти мазкур ва дигар омилҳои таъсиррасон бояд аз барномаҳои калидии давлату ҳукумати кишвар бошад.
Ин корро метавон тавассути як барнамаи чашмандози рушд бо роҳи ислоҳоти ҷиддӣ амалӣ намуд, вагарна як кишвари ниёзманд бо аз даст додани кадрҳои арзандаву мағзҳои пешбаранда имкон дорад аз ҳар тараф осебпазир бошад”.
Далери Имомалӣ, корманди радиои “Ватан”: 
– Ман мехоҳам танҳо дар бораи рӯзноманигорон, ки ҳампешагони ман ҳастанд, сӯҳбат кунам.
Агар мо ба таърих назар афканем, мебинем, ки тамоюли рафтан дар ҳама давру замонҳо будааст ва он як падидаи табиист. Бузургони илму адаби тоҷик аз замони Рӯдакӣ сар карда, ҳамеша бо ҳар гуна сабаб тарки зодгоҳ ва ватан кардаанд. Бинобар ин, имрӯз мо аз ин раванд набояд як фоҷеъаи бузург созем ва саъй намоем, ки ҷиҳатҳои мусбии онро ҳам бубинем.
Бояд бигӯям, ки фавҷи аз кишвар рафтани рӯзноманигорон пас аз соли 2015 шурӯъ шуд, ки ин чанд сабаб дорад.
  Пас аз дар Тоҷикистон мамнӯъ эълон гардидани Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” як гурӯҳи рӯзноманигорон аз кишвар рафтаанд ва  дар кишварҳои Аврупо шабакаҳои иҷтимоии худро таъсис дода, имрӯз ба таблиғу ташвиқи сиёсати гурӯҳҳои муайян машғул мебошанд, ки ман бо онҳо мувофиқ нестам, бо онҳо коре ҳам надорам ва онҳоро ҷонибдорӣ ҳам намекунам.
  Дар ин давра, яъне пас аз соли 2015 як гурӯҳи дигари рӯзноманигорон низ аз Тоҷикистон ба Русия, Аврупо ва Амрико  рафтанд, ки дар муассисаҳои давлатӣ аз қабили шабакаҳои телевизионии ” Тоҷикистон” , “Ҷаҳоннамо”,” Варзиш” ” Сафина” ва расонаҳои хусусӣ кору фаъолият мекарданд ва ҷавонони воқеъан ҳам варзида ва болаёқат буданд.
Ман мехоҳам бештар дар бораи ҳамин гурӯҳи рӯзноманигорон сӯҳбат кунам. Ба фикри ман, сабаби аввали тарки ватан намудани онҳо омили иқтисодист. Баъдан, мавҷуд набудани фазои озод барои фаъолияти рӯзноманигорӣ дар Тоҷикистон сабаб гардид, ки онҳо аз кишвар раванд.

Онҳо пас аз рафтан фаъолияти босамари худро давом доданд. Ба гунаи мисол, амалӣ шудани лоиҳаи радиои “Муҳоҷир” дар Русия, таъсиси радиои “Садои Осиё” дар Амрико, таъсиси Кунгураи урупоии рӯзноманигорон ва блогнависони тоҷик дар Иттиҳоди Аврупо, барномаҳои алоҳидаи Далер Иброҳимов “Салом Амрико”, видеогузоришҳои тафреҳӣ- иҷтимоии Умед Аҳмадов ва Талабшо Муқимов ва пахшҳои мустақими Зафар Абдуллоев аз ИМА иқдоми хубанд ва ҳамагӣ барномаву наворҳои диданӣ ва шуниданӣ ҳастанд.

Бояд иқрор шуд, ки рӯзноманигорони хориҷ аз кишвар, аз ҷумли Нури Наср ва директори радиои “Муҳоҷир” Ҷони Сафарзод бо баҳсҳои худ аз Русия, Сайидмуҳиддин Дӯстмуҳаммадиён, Санҷар Ҳошимӣ аз Аврупо на танҳо дар фазои Васоити ахбори оммаи Точикистон фаъоланд , балки фаъолтар  аз рӯзноманигорони дохили кишвар мебошанд.

Албатта, рафтани онҳо ба андешаи ман, раҳбарони кишвар ва масъулини соҳаро бояд нигарон кунад, вале мо бояд аз ин фоҷеъа насозем. Зеро имрӯз мо мебинем, ки бародарони эронии мо дар Амрико ва Аврупо як Эрони дигар сохтанд. Онҳо радио, телевизион, сомонаҳои интернетӣ худро доранд, ки аз радиову телевизиони дохили кишварашон фаъолтаранд.
Рафтани ин насл бояд раҳбарон ва масъулинро ба фикр водор кунад, то барномаҳоеро роҳандозӣ кунанд, ки онҳо баргарданд ва дигарон нараванд.
Вале боз ҳам мегӯям, ки мо бояд аз ин чиз фоҷеъа насозем. Ва фарзандони онҳо ҳам дар Аврупо ва ҳам дар Амрико як Тоҷикистони дигар бисозанд, ки новобаста аз андешаҳои сиёсияшон аз миллату фарҳанг ва динамон дифоъ кунанд ва мо аз он ифтихор кунем”.
Сайидмуҳиддин Дӯстмуҳаммадиён, асосгузори Кунгураи урупоии рӯзноманигорон ва блогнависони тоҷик:
– Бисёриҳо аз кишвар мераванд. Ва на танҳо рӯзноманигорон. Агар касе ҳанӯз фирор накардааст, ба ин маънӣ нест, ки намехоҳад фирор кунад. Эҳтимол чизе ӯро аз рафтан бозмедорад ва ё барои рафтан  имкон надорад. Ба унвони мисол, ман маҷбур будам, ки берун равам, то худаму ҳамкоронам зери мошини репресия наафтем, ба мансабдорони алоҳида имкон надиҳем, ки аз мо қасд гиранд.  Рафтани гурӯҳи дигар сабабҳои дигар дорад.
Бештар афроди касбҳои созандаву эҷодкор ва баландихтисос аз Тоҷикистон мераванд. Қаблан аҳолии рустоҳо ва ҷавонон ватанро тарк мекарданд. Дар солҳои ахир бузургсолон бо хонаводаҳояшон мераванд. Ҳоло сокинони шаҳрҳои Душанбе, Хоруғ, Хуҷанд ва Кӯлоб низ рафта истодаанд.
Аз он сабаб мераванд, ки сиёсат ва иқтисоди Тоҷикистон рӯ ба таназзул овардаанд, шуғл ва дастмузди муносибе вуҷуд надорад, низоми маориф фурӯ пошидааст, дастрасӣ ба тибби босифат барои кӯдакону калонсолон маҳдуд аст, имконоте барои таҳаққуқ ёфтан вуҷуд надорад, лифтҳои иҷтимоӣ фаъол нестанд ва сатҳи умумии фарҳанг ба як сатҳи ғайримумкин поён рафтааст.
Ба атроф нигоҳ карда мебинӣ, ки муҳити зист дигар мешавад: дар тӯли 5-6 соли охир бисёре аз дӯстон, ҳамсояҳо, хешовандон, ҳамсинфон ва ҳамкурсон ватанро тарк кардаанд.
  Асосан афроди соҳибмаълумот ва мутахассисони варзидае мераванд, ки тибқи маълумоти СММ барои омӯзиши ҳар яки онҳо ҳудуди 300 ҳазор дуллори ИМА сарф шудааст.
Онҳо аз он сабаб тарки Ватан мекунанд, ки барои худ ва фарзандонашон ояндаеро намебинанд. Ҳама чиз дар атроф тасарруф шудааст, ҳама чиз инҳисор шудааст: аз тақсими вазифаҳо то бозори ҳасиб. Бе хешутаборбозӣ шумо ҳатто наметавонед ба унвони сардори кӯчарӯбони хиёбон кор кунед.
Маош ночиз аст, нархҳо бошанд, ба мисли шаҳрҳои аврупоӣ, ки музди миёнаи меҳнаташон  $6-9 ҳазорро ташкил медиҳад, баробар аст. Чанд рӯз пеш дар бозор нархи ангур ба арзиши ангури бозори Маскав баробар буд:
$3 барои як кг. Зиндагии мардум сахт аст. Махсусан ду соли охир хеле вазнин буд. Илова бар ин, мардум ҳеҷ умеде ба оянда надоранд, эътимоди онҳо ба “ҳукумати сулҳ ва субот” гум шудааст, эҳтимол ба ҳамин далел аст, ки мардум аз Ватан мераванд.
Ва рӯзноманигорон аз рӯйи вежагии касбиашон дар маърази дид қарор доранд, бинобар ин ба назар мерасад, ки бисёре аз онҳо кишварро тарк кардаанд. Дар асл чунин нест.
Бале, рӯзноманигорони мустақил акнун ҳатто ба сахтӣ нафас мекашанд. Шароити кор ба маротиб бад шудааст: эҳсоси амният вуҷуд надорад, дастрасӣ ба иттилоот дар сатҳи давлатӣ маҳдуд шудааст, хазинаи музди меҳнат ду баробар кам шудааст, бозори расонаҳои чопӣ се ё чор маротиба коҳиш ёфтааст, андозҳо таҳти фишор қарор доранд, аз ҷониби давлат ҳеч гуна кӯмак ва имтиёзе расонида намешавад. Рӯзноманигорон аз номи мақомот ба ҳошияи зиндагӣ ронда шудаанд. Тасаввур кунед, ин гуна зиндагӣ ширин нест.
Оё шумо аҳамият додед, ки  дар чорабиниҳои ҷашнӣ ягон рӯзноманигори мустақил, ягон вакили дифоъи мустақил ва ягон фаъоли ҷомеъаи шаҳрвандӣ даъват намешаванд?  Бале, ҳайрон нашавед! Ҳама чиз маълум аст: ҳукуматдорон он қадр сер шудаанд, ки бо ҳеҷ касро одам ҳисоб намекунанд. Ман фикр мекунам, ки ин хеле бад аст ва на танҳо барои рӯзноманигорон.

Ва дар воқеъ беш аз 100 рӯзноманигор ватанро тарк кардаанд. Ҳудуди 40 нафар дар Урупо ва бештар аз ин дар ИМА зиндагӣ мекунанд. Бале, чанд танашон ба  мухолифини мазҳабӣ пайвастаанд, вале аксарият мустақилияти худро ҳифз кардаанд. Муттассифона, аксарияти кулли рӯзноманигорони берун рафта ба шуғлу касби худ содиқ намонданд, чанде ҳам арзишҳои касбиро зери по карданд. Шояд барои ин сабаб ҳам доранд.

Фаъолият дар хориҷи кишвар ҳам осон нест. Муқимӣ шудану ба пой рост истодан вақту нерӯи равонӣ металабад. Тавре аз баҳсу баррасиҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ мебинед, бархурди мухолифини мазҳабӣ бо афроди мустақил дар инҷо низ фашистона асту фишори мақомоти Тоҷикистон сахт.

Гоҳе ҳам мушоҳида мешавад, ки “Фабрикаи ҷавоб”-и мақомоти Тоҷикистон бо “Еврокашар”-и мухолифони мазҳабӣ дар зургӯии расонаӣ ё кибербулинги ин ё он рӯзноманигор ё фаъоли ҷамъиятӣ ба ҳам рақобат мекунанд.

Аммо ин ҳам набояд муҷиби даст кашидан аз арзишҳо бошад. Барои омадаҳо ҳам бояд талош кард, вале хуб агар вазъ дигар шавад. Вагарна, аксарияти одамони доно кишварро тарк мекунанд.

Мебинед, ки бисёр табибон ва муҳандисон низ рафтан доранд? Ба назарам, ин ҳатто ғамангезтар аст. Оё мақомот дар ин бора андеша мекунанд? Панҷ сол пеш мегуфтам, ки намедонам, шояд кунанд. Ҳоло дақиқ медонам, ки ҳич парво надоранд.
Вале ин ҷомеаву миллат наметавонад бидуни журнализми мустақил рушд кунад, пас бубояд васияти Устод Садриддин Айниро иҷро кард. Дар дохил ва хориҷи кишвар.  Ҳатто агар як ё ду рӯзноманигори мустақил ҳам монад.

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.