Чаро торнамои “Тоҷикистон” Одиназодаро террорист эълон кард?

  • Манобеи молӣ: Ҳисоботи молӣ нашр намекунад

Маводи таҳқиқшаванда

Олими биохимики 52-сола аз Тоҷикистон Абдусалом Одиназода рӯзи сешанбе, 22 декабр дар ҷараёни як амалиёти пулиси зиддитеррор дар хонааш дар шаҳри Перт, маркази аёлати Австралияи Ғарбӣ бо иттиҳоми тарғиби терроризм бар асоси 4 модда дастгир шуд.

MediaMarker

Торнамои “pressa.tj”, ки марбут ба нашрияи “Тоҷикистон” ва ширкати расонаии Шарифи Ҳамдампур – “Оила” аст, дар хабари нашри боздошти донишманди тоҷики муқими Устролиё, интиқодгари ҳукумат ва мухолифини мазҳабӣ Абдусалом Одиназода, ба муаррифии ӯ пардохта, ӯро террорист номидааст.

  • Манбаъи хабари мазкур возеҳ нишон дода нашудааст, ки далели бознашри муҳтавои хабар аз расонаҳои гуногун мебошад.
  • “Тоҷикистон” бе ҳеч далел гумонбаршударо террорист унвон карда, сарлавҳаи матлабро ба ин гуна гузоштааст: “Олим ва террористи интернетӣ Одиназода кист?”. Ин ҳам дар ҳоле, ки манбаъҳое, ки нахустин шуда ин хабарро дар фазои интернетӣ нашр кардаанд ҳеч кадоме аз Одиназода ба унвони террорист ном набурдаанд.
  • Аксарияти расонаҳои тоҷикӣ, ки асосан дар такя ба матлаби нашркардаи Радиои Озодӣ ин хабарро расонаӣ карданд, навиштанд, ки Абдусалом Одиназода бо гумони “тарғиби терроризм”  боздошт шудааст. “Азия-Плюс” ва  “Бомдод” низ аз гумонбар будани Одиназода ба тарғиби терроризм хабар додаанд.
  • Манбаи хабари Радиои Озодӣ ҳам, ки расонаи устролиёӣ – 7news.com.au, ки дар ин матлабаш аз боздошт шудани Одиназода бо гумони терроризм иттилоъ пахш кардааст.
  • Торнамои “Pressa.tj” бо гузоштани ин сарлавҳа ҳам маълумоте бештар аз матолиби радиои Озодӣ ва расонаҳои дигар дар бораи Одиназода нашр накарда, танҳо хостааст бо гузоштани ин сарлавҳа ҷалби таваҷҷуҳ ҳосил кунад.
  • Бо ин амал расона  бетарафиву беғаразияшро  зери савол гузошта, усули эҳтимолияти бегуноҳӣ, ки меъёри конститусионист ва ҳамчунин муқаррароти банди 8-и Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон  – “Эҳтимолияти бегуноҳӣ”-ро нақз кардааст.
  • Мувофиқи меъёрҳои пазируфташудаи касбӣ дар журналистика ва қонунгузории тамоми дунё ҳеч кас ҳақ надорад пеш аз ҳукми додгощ гумонбарро ҷинояткор биномад.
  • Таносуби назарҳо дар ин матлаб риоя нашуда, назари боздоштшуда ё намояндаи қонунии ӯ ё сабабҳои дастнорас будани назари интиқодӣ дарҷ нашудаанд.
  • “Тоҷикистон” ба муаррифии фаъолиятҳои расонаии Одиназода пардохта, рушан нагуфтааст, ки бори дуюм аст, ки ӯ боздошту бозпурсӣ мешавад. Бори нахуст ӯ феврали соли 2018 ба гумони ифротгароӣ дар Устролиё боздошт шуда буду баъди озод шуданаш  мақомоти Тоҷикистон ва дертар дар чандин наворҳояш аз ҳамдастии мақомоти Ҷумҳурии исломии Эрон ва мухолифони мазҳабӣ ҷиҳати шикоят бурдан аз болои ӯ ба мақомоти Устролиё хабар дода буд.
  • Дар яке аз навори ахиринаш, ки аз он “Тоҷикистон” ёд кардааст, ӯ далел овард, ки чанде аз мухотабонаш суроғаи зисти кизбиро, ки ӯ дар номааи расмияш ба унвонии мақомҳои эронӣ баъд аз бозошти якум нишон дода буд, дар Фейсбук нашр кардаву ба ҷони ӯ таҳдид кардаанд. Ин ҳам дар ҳоле, ки худи Одиназода ба масъалаҳои нозуки қавмиву мазҳабӣ даст зада, одоби муоширатро дар баробари мухотабонаш риоя намекард ва ба интиқоду озори лафзӣ дар баробари худаш мавзеъгирии хунсардона дошт.
  • Бо назардошти нукоти боло ба матлаби “Тоҷикистон” маркери “Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон риоя нашудаанд” лоиқ дониста мешавад.

The post Чаро торнамои “Тоҷикистон” Одиназодаро террорист эълон кард? appeared first on MediaMarker.

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.