Чеченистон 13 муҳоҷири тоҷикро депорт кард

Мақомоти Чеченистон дар натиҷаи як тафтиш дар ноҳияи Шолии ин ҷумҳурии мухтори Русия 13 муҳоҷири тоҷикро боздошт ва аз қаламрави Чеченистон ихроҷ карданд.

Бино бар хабари маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷирати Федератсияи Русия ин шаҳрвандони Тоҷикистон ба он айбдор шуданд, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Чечен ғайриқонунӣ зиндагӣ ва кор мекардаанд. Биноан, ҳар яки онҳо ҳамчунин ба маблағи 2000 рубли русӣ ҷарима шудааст.

Вазорати корҳои дохилии Русия дар кя изҳороташ гуфта буд, ки дар соли 2019 аз Русия беш аз 800 ҳазор муҳоҷир депорт шудааст, ки зиёда аз 5000 нафари онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон будаанд. Ихроҷшудагон ба “руйхати сиёҳ”-и мақомоти Русия меафтанд ва ба муддати тулонӣ аз ҳаққи сафар ба Русия маҳрум мешаванд. То ҳол 270 ҳазор шаҷрванди Тоҷикистон дар ин феҳрист буда, талошҳои Душанбе барои афви онҳо бенатиҷа мондааст.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.