Челябинск гуфт, ба қабули парвозҳо аз СНГ омода аст

Хабаргузориҳои русӣ дар бораи омодагии фурдугоҳи Челябински Русия барои барқарор намудани парвозҳо ба кишварҳои узви Ҷомеаи Ҳамсуд ва ё СНГ иттилоъ додаанд. Ба қавли хадамоти матбуотии фурудгоҳ, тибқи нақша аз 25–уми май, аз фурдгоҳи Челябинск парвозҳо ба Бишкек, Ереван, Алмаато ва Боку шурӯъ шуда, музокирот барои азсаргирии парвоз бо Тоҷикистон ҳам ҷараён дорад. Масъалаи барқарор намудани парвозҳои доимӣ байни Тоҷикистону Русия то ба ҳол мавзӯи басҳи мақомоти ду кишвар боқӣ мемонад. Ҳарчанд Русия мегӯяд, ки ҷонибдори ба пуррагӣ боз шудани роҳҳои ҳавоӣ мебошад, аммо феълан танҳо ду парвози мунтазам аз Душанбе ба Маскав иҷозат дода шудааст. 

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.