Чигити навъи Эдесса. Дар ноҳияи Ҷаббор Расулов кишти он ба роҳ монда шуд

ДУШАНБЕ, 03.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар хоҷагии деҳқонии Яккатути ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд  маъракаи кишти чигит  оғоз гардид. Дар хоҷагии  мазкур   99,63 гектар замини корам мавҷуд буда, дар  назар аст, ки имсол дар 53,5 гектари он чигити навъи Эдесса кишт намоянд. Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти раиси вилояти Суғд итттилоъ медиҳад.

Бино ба иттилои манбаъ, дар маъракаи кишти пахта раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода иштирок намуда, ба кишоварзон ҷиҳати истифодаи самараноки замин, риояи қоидаҳои агротехникӣ ва баланд бардоштани ҳосилнокии зироат тавсияҳо дод.

Бояд тазаккур дод, ки хоҷагиии деҳқонии мазкур дар он заминҳое, ки дар ихтиёри худ дорад, инчунин кишти каду, гандум, беда ва сабзовот ба роҳ мондааст.

Ҳамчунин дар  15,2 гектар боғ бунёд шудааст, ки ҳамасола аз он даҳҳо намуди мева ҷамъоварӣ мешаванд.

Манбаъ: khovar.tj

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.