Чин аз ҳамкорӣ бо Созмони ҷаҳонии беҳдошт оиди таҳқиқи пайдоиши COVID-19 даст кашид

  • Манобеи молӣ: EUCTJ

Ҳукумати коммунистии Чин бо баҳонаи он, ки “нақшаи марҳилаи дуюми таҳқиқи пайдоиши коронавирус, ки аз ҷониби Созмони ҷаҳонии беҳдошт (СҶБ) пешниҳод шудааст, дорои адабиётест, ки ба илм эҳтиром намегузораду Чин ин нақшаро риоя нахоҳад кард” ба таҳқиқи сабабҳои пайдоиши вируси куруно дар Вуҳон розигӣ надодаанд. 

  • Ба иттилоъи   “Ведомости” мавзеъгирии нави ҳукумати ин кишварро муовини раиси Кумитаи давлатӣ оид ба  тозагӣ ва саломатии Чин Зенг Исин дар нишасти матбуотӣ изхор доштааст.
  • “Ҳукумати Чин таҳқиқоти илмиро дастгирӣ мекунад. Мо мухолифи сиёсисозии тафтишоти пайдоиши вирус ҳастем », – гуфтааст ӯ.
  • Ин ҳам дар ҳолест, ки қаблан директори генералии СҶБ дуктур Тедрос Аданом Гебресиес гуфта буд, ки созмон ба марҳилаи дуюми таҳқиқи пайдоиши коронавирус омодагӣ мегирад ва  аз мақомоти Чин шаффофиятро интизор аст.
  • Вай гуфта буд, ки рад кардани версияе, ки вируси куруно аз як озмоишгоҳ дар Чин паҳн шудааст, ҳанӯз барвақт аст. Ӯ ин кишварро ба ҳамкории шаффоф даъват карда,  гуфт, ки  созмон ният дорад, ки озмоишгоҳҳои Вуҳонро тафтиш кунад.
  • Мавриди зикр аст, ки ҳанӯз моҳи март СҶБ)гузоришеро дар бораи пайдоиши COVID-19 нашр карда буд, ки  дар он чор гузинаи пайдоиши вирусро пешниҳод кард. 
  • Муаллифон версияи эҳтимолан аз кӯршапаракҳо тавассути ҳайвони миёнарав ба бадани одамон роҳ ёфтани вируси куруноро бо эҳтимоли баланд арзёбӣ карда,  версияи хуруҷи вирус аз озмоишгоҳи Вуҳонро “тақрибан номумкин” гуфта буданд.
  • Аммо версияи пайдоиши озмоишгоҳӣ доштани коронавирусро олимони амрикоӣ эътироф кардаанд. Аз ҷумла, рӯзномаи The Wall Street Journal мақолаи Стивен Куэй, доктори илмҳои тиб ва профессори Донишгоҳи Колифорниё дар Беркли Ричард Мюллерро нашр кард, ки дар он  олимон қайд мекунанд, ки хусусияти генетикии вируси SARS-CoV-2, ки боиси COVID-19 мегардад, эҳтимолан аз пайдоиши сунъии онро далолат мекунад. Ин олимон бар онанд, ки  вируси куруно дорои пайдарпаии гуногуни геномӣ мебошад, ки аз коронавируси табиӣ фарқ мекунад. 
  • Қазияи дасткашии Чин бо чӣ меанҷомад ва оё ҷомеаи ҷаҳонӣ қодир аст, ки ҳукумати коммунисти ин кишваро водор ба ҳамкорӣ кунад, номаълум боқӣ мемонад. 

The post Чин аз ҳамкорӣ бо Созмони ҷаҳонии беҳдошт оиди таҳқиқи пайдоиши COVID-19 даст кашид appeared first on MediaMarker.

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.