Чин барои бунёди роҳи Қалъаихум-Ванҷ то сарҳади Рӯшон $203 млн ҷудо кард

Чин барои идомаи сохтмони роҳи Душанбе–Хоруғ-Қулма ба Тоҷикистон 203.9 млн. доллар маблағи бебозгашт медиҳад. Дар ин бора Азим Иброҳим, вазири нақлиёти Тоҷикистон рӯзи 16-уми июн дар Маҷлиси намояндагон хабар дод. Ба гуфтаи вазир, ин маблағ барои бунёди қитъаи Қалъаихумб-Ванҷ-сарҳади ноҳияи Рӯшон сарф мешавад.  

Дар шарҳи ин тасмим дар Маҷлиси намояндагон зикр гардид, ки Тоҷикистон воридоти молу маҳсулот барои бунёди ин қитъаи роҳро аз андоз ва боҷи гумрукӣ озод мекунад. Чин яке аз сармоягузорони асосӣ ба иқтисоди Тоҷикистон аст. Вале қарзҳои ҳангуфти Пекин боиси нигаронӣ аст. 

Роҳи мошингарди Душанбе-Хоруғ-Қулма барои Тоҷикистон шоҳроҳи муҳими стратегии байналмилалӣ ба шумор меравад, вале бо вуҷуди ин қисматҳои зиёди он ноҳамвору хатарнок аст. Солона дар ин роҳ даҳҳо ронандаву мусофир ҷон медиҳанд. Як сабаби фалокатҳои маргбор низ харобии роҳ аст.

Дар даврони истиқлол тамоми шоҳроҳо аз Душанбе ба минтақаҳо ба шеваҳои гуногун бозсозӣ ва навсозӣ шуданд, ба истиснои роҳи асосии вилояти Бадахшон аз Қалъаи Хумб то Хоруғ ва идомаи он то сарҳади Чин. Аз нуқтаи назари иқтисодӣ ин роҳ аҳамиёти зиёд дорад, зеро молҳои асосӣ аз Чин ба Тоҷикистон аз ҳамин роҳ ворид мешавад.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.