Чин Бритониёро таҳрим мекунад

Чин эълон кард, ки барои, ба гуфтааш, “паҳн кардани дурӯғ ва иттилои носаҳҳеҳ” дар бораи тарзи бархӯрди ҳукумати Пекин бо уйғурҳои мусалмон, чанд созмону шахсиятро дар Бритониё таҳрим мекунад.      Вазорати хориҷаи Чин дар як изҳороташ рӯзи 26-уми май гуфт, ки чор сохтор ва нӯҳ нафар, аз ҷумла, аъзои парлумони Бритониёро таҳрим мекунад. Ин таҳаввулот ба баҳси сари поймолшавии ҳуқуқи мусалмонҳои Чин дар Шинҷон шиддати дипломатӣ бахшидааст. Дар изҳороти Пекин таъкид шудааст, ки ин иқдом дар посух ба таҳримҳои ахири Бритониё нисбати Чин гирифта шуд. Таҳримҳо манъи сафари ҷонибҳову аҳли оилаи онҳо ба Чин ва масдудкунии дороиҳои онҳоро дар ин кишвар пешбинӣ мекунад. Инчунин, сохторҳои чинӣ ҳақ надоранд бо ин нафарон ва созмонҳо ҳамкорӣ кунанд. Аз ин пеш таҳримҳои ҷавобии Чин нисбати Иттиҳоди Аврупо ҳам содир шуда буд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.