Чин марзҳояшро бо Қирғизистон муваққатан мебандад

Чин аз 1 январи соли 2021 гузаргоҳҳои марзии “Торугарт” ва “Иркештам”-ро бо Қирғизистон мебандад. Хадамоти марзбонии Қирғизистон хабар додааст, ки ин гузаргоҳҳо дар робита ба ҷашнгирии соли нави мелодӣ баста мешаванд ва ин як чораи муваққатист. Ин ниҳод гуфтааст, ки гузаргоҳи “Иркештам” 2 январ ва гузаргоҳи “Торугарт” 4 январи соли оянда дубора боз карда мешаванд. Ба воситаи ин гузаргоҳҳои марзӣ аз Чин ба Қирғизистон танҳо мол интиқол дода мешавад.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.