China Road ба корҳои таъмиру навсозии қитъаи калидии роҳи мошингарди Душанбе – Хоруғ оғоз кард
Корҳои таъмиру навсозии қитъаи роҳи мошингарди Қалъаи Хумб Ванҷ (то марзи Рӯшон) рӯзи 23 июн оғоз гардиданд, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ. Ба корҳои таъмиру бозсозии ин қитъаи роҳ, ки бештар душворгузар дар қитъаи роҳи мошингарди Душанбе – Хоруғ маҳсуб меёбад, ширкати China Road and Bridge Corporation (CRBC)-и Чин машғул хоҳад шуд.
Манбаъ: Asiaplustj.info