Чину Русия – ду поймолкунандаи ҳуқуқ узви Шӯрои ҳуқуқи инсони СММ шуданд

Рӯзи 13-уми октябр Русия ва Чин дар миёни 15 кишваре буданд, ки ба узвияти  Шӯрои ҳуқуқи башари СММ шомил шуданд ва ин тасмим мавриди интиқоди гурӯҳҳои ҳуқуқи башар ва ИМА шуд. Инчунин маҷмаи кулли СММ, ки ба он 193 давлат шомил аст, кишварҳои Ҷазираи Оҷ, Габон, Малави, Куба, Боливия, Узбекистон, Фаронса ва Бритониёро ба узвияти шӯрои иборат аз 47 узв шомил кард. Сенегал, Непал, Покистон, Украина ва Мексика ба мӯҳлати дуюми сесолаи   узвият интихоб шуданд.

Ҳафтаи гузашта як эътилофи ғарбии гурӯҳҳои ҳуқуқи башар аз аъзои СММ даъват кард, ки бо сабаби ноқис  будани нишондодҳои ҳуқуқи башари онҳо ба интихоби Чин, Русия, Арабистони Саудӣ, Куба, Покистон ва Узбекистон мухолифат бикунанд. Ҳилол Нойер, раҳбари иҷроияи як созмони ҷамъиятии “Дидбони СММ” гуфт, “интихоби ин диктотуриҳо ба ҳайси додраси ҳуқуқи башар мисли он аст, ки як гурӯҳи оташафрӯзонро ба тими сӯхторнишинон ворид бикунанд”. Номзадҳо дар як шароити махфӣ интихоб мешаванд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.